Пайвандҳои дастрасӣ

Як бурд ва чаҳор бохт


Анвар Юнусов, узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар аввалин даври мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс, ки дар шаҳри Маняни Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷараён дорад, пирӯзӣ ба даст овард. Вай дар рақобатҳо дар вазни то 51 кило бар ҳарифи худ Ши Юн Лю аз Тайван аз рӯи холҳо бо натиҷаи 25 бар 11 ғалаба кард.

Вале чаҳор муштзани дигари тоҷик дар нахустин даври мусобиқот мағлуб шуданд. Маъруфҷон Файзуллоев дар рақобатҳо дар вазни то 60 кило аз варзишгари Куба, Йорданис Угас Эрнандес бо натиҷаи 18 бар 24 шикаст хӯрд. Хуршед Ҷӯраев дар рақобатҳо дар вазни то 64 кило аз намояндаи Хорватия Борис Каталинич бо натиҷаи 13 бар 19 мағлуб гашт. Мирҷамол Ғиёсовро дар рақобатҳо дар вазни то 69 кило Спас Генови булғор аз ҳаққи ширкат дар даври дуввуми мусобиқот маҳрум кард. Ва Ҷаҳон Қурбонов, қаҳрамони Осиё дар соли 2005 дар рақобатҳо дар вазни то 75 кило ба зарбаҳои Матвей Коробов аз Русия тоб оварда натавонист ва ҳарифаш бо афзалияти комил пеш аз муҳлат дастболо шуд. Ду нафари дигар - Шералӣ Достиев дар вазни то 48 кило ва Константин Мокроусов дар вазни то 81 кило то ҳоло рақобат накардаанд.

Ба ин тартиб аз ҳафт узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон чаҳор нафарашон аз ҳаққи идомаи мубориза дар мусобиқот маҳрум шуданд.
XS
SM
MD
LG