Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алифбои арабӣ беҳтар ё сириллик?


Дар як чунин мақолаи калонҳаҷм дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон», хати арабӣ - сарчашмаи дастрасӣ ба ҷаҳони иттилоот аз сафҳаҳои интернетии форсизабон ва афзоиши хонандагонаи нашрияҳову китобҳои Тоҷикистон аз 5 - 6 миллион аҳолии ин кишвар то ба зиёда аз 100 миллион форсизабон унвон шудааст. Таълими ҳолии хати арабӣ дар макотибро муаллиф баҳои ғайриқаноатбахш дода ва равобити фарҳангии имрӯзи Тоҷикистону Иронро ҳам нокифоя номидааст. Муаллифи ин матлаб барои ҳифзи фарҳанги миллӣ ва гом бардоштан баробар бо замон, гузариш ба алифбои арабиасосро ногузир донистааст.

Дар як пурсиши кӯтоҳи «Миллат» аз ду зиёӣ, Ӯктами Холиқназар ва Зиё Абдулло, ҳардуи ин чеҳраҳо иброз доштаанд, ки имрӯз, тоҷикон ормони миллӣ надоранд. Шоир Зиё Абдулло гуфтааст, ормони миллӣ дар ваҳдати миллӣ аст. Донишманди тоҷик, Ӯктами Холиқназар таъкид ба доштани чеҳраи миллӣ кардаву ҳушдор аз дахолати бегонагон додааст.

Дар поёни як навиштаи дигари дусаҳфагӣ дар "Миллат", Ӯктами Холиқназар узвияти худро дар иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон қатъ кардааст. Ӯ навиштааст, тӯли чаҳор соли узвияташ дар ин иттиҳод аз имтиёзе истифода накардааст.

Саттор Турсун, нависандаи халқии Тоҷикистон дар як навиштаи худ дар сафҳаҳои «Минбари Халқ» аз муносиботи имрӯзи тоҷикон ва ӯзбакон нигаронӣ карда ва даъват ба барқарор кардани аҳди дӯстӣ миёни ин ду миллат кардааст. Нависандаи тоҷик навиштааст, дар кишвари ӯ дар тақрибан 1000 мактаб ӯзбекҳо имкони таҳсил бо забони худро доранд, барномаҳои радиоиву телевизионӣ, нашрияҳо, дастаҳои ҳунарӣ ва театри худро доранд, вале дар Самарқанду Бухоро таҳсил бо забони тоҷикӣ умуман вуҷуд надорад. Ба андешаи нависанда, бояд, ки аҳли эҷоди ин ду кишвар шиори «Мӯъмин - бародари мӯъмин»-ро ливои худ намуда мушкилотро бартараф намоянд.

Дар нашрияҳои чопи ин ҳафта, ҳамчунин, хабари ба аҳли фарҳангу санъат ҷоиза супурдани раисҷумҳури Тоҷикистон ва қарори баргузории ҷашни Меҳргон дар оғози даҳаи саввуми моҳи ноябр дар Душанбе мунъакис шудааст.
XS
SM
MD
LG