Пайвандҳои дастрасӣ

Бояд хандид, баланд хандид!


Ҳатман баъзан дар кӯча одамонеро мебинед, ки раҳораҳ худбахуд механданд. Онҳо шояд беҳтарин хабар ё лаҳзаи худро ба ёд меоранд. Баъзеҳо раҳораҳ китоб ё маҷаллае мехонанду механданд, офарин ба нависандае ки аз навиштааш кас ингуна худро фаромӯш кунад. Дирӯз ман аз бойгонии радиои Озодӣ шумораҳои кӯҳнаи маҷаллаи "Хорпуштак"- ро пайдо кардам (соли 1991) ва вақте ки расмҳои хандаовари онҳоро медидам, баланд механдидам, ҳамкорон ҳайрон мешуданд, чӣ шуда бошад. Ин бо вуҷуди он ки ҳаҷвияҳои "Хорпуштак" ба замони пеш дахл доштанд. Аммо ин қадар ба замони нав низ муносибанд, ки ҳарф нест. Масалан, гадои жандапӯше кулоҳашро дар пешаш гузошта нишастааст ва бо чашмони зор ба раҳгузарон менигарад ва як марди зиёинамо, ки портфел зери каш дорад, наздик омада, ба кулоҳ ишора карда, мепурсад, "ака ин телпаки хуба аз куҷо пайдо кардӣ?"

Шумо ин сатрҳоро мехонед ва намехандед. Аммо дертар, вақте ин расмро ба худ тасаввур мекунед ва баъд аз чанд вақт боз онро ба ёд меоред, хоҳед нахдид. Хандидан душвор аст, вақте фикри кас бо чизи дигаре банд аст ва кас ташвишу мушкиле дорад, аммо магар инсон ягон вақт аз ташвишу мушкил озод буда метавонад? Барои хандидан чӣ чизҳо зарур аст, пурсид ҳамнафаси мо Абдураҳими Умарзод аз раҳгузарон дар шаҳри Душанбе ва мардум гуфт, барои хандидан хушбахтӣ, рӯҳи баланду болида ва хабарҳои хуш даркор аст. Ё ягон латифаи намакин. Як раҳгузар латифаи "Афандӣ ва бачаҳо"- ро нақл кард. Афандӣ мебинад, ки бачаҳо бисёр ғавғою моҷаро мекунанд, ба онҳо мегӯяд, равед кӯчаи поён, дар он ҷо ба ҳама чормағз медиҳанд. Бачаҳо нидоҳои хурсандӣ бароварда, ҳама якҷоя ба кӯчаи поён медаванд. Афандӣ лаҳзае ба онҳо менигараду фикр мекунад, мабодо он чи гуфтам, рост бошад ва аз чормағз намонам гуфта, ба думболи бачаҳо медавад.
Шахсан ба ман як латифаи дигар писанд аст. Афандӣ дар назди писаронаш худситоӣ мекунад:
-- Қувваи ман чи хеле ки дар ҷавониям буд, мондааст, ягон зарра дигар нашудааст.
Онҳо мепурсанд, чӣ хел мефаҳмед. Вай посух медиҳад:
-- Дар сари кӯча як санги бузург аст, ягон сад кило. Ман дар ҷавониям онро бардошта наметавонистам, ҳоло ҳам ҳамин хел.

ҲАҶВИ МУОСИР

Нависандаи тоҷик Адаш Истад гоҳо танз менавишт ва сроли 1989 яке аз навиштаҳои ӯ кам монда буд, ӯро ба курсии айбдоршавандаи додгоҳ биншонад. Вай дар ҳаҷвияи "Наполеонча" дар ҳафтаномаи "Адабиёт ва санъат" як раҳбари золиму худкомаро ба тасвир гирифт ва баъд аз чанде сарвари як муассисаи давлатӣ ба идораи ӯ омада, моҷаро бардошт, ки Адаш Истад маҳз ӯро ҳаҷв кардааст. Нависанда мегуфт, навиштаи ӯ маҳсули хаёл аст, раҳбар ду мо ба як мӯза меандохт, ки на ҳама чизе ки навиштӣ, айнан дар бораи ман аст. Дар танзи имрӯзи Тоҷикистон чунин рӯйдодро интизор будан душвор аст. Он хосияти ёддоштҳои дӯстонаро касб кардааст ва аз мавзӯъҳои ба истилоҳ "хатарнок" парҳез мекунад. Шоири тоҷик Салимшо Ҳалимшо дар сӯҳбат бо ҳамнафаси мо Раҳматкарими Давлат мегӯяд, "ҳаҷв подшоҳ ё раҳбарро бо як шахси оддӣ баробар мекунад, дар як саф мегузорад." Вале намунаҳое ки имрӯз матбуот ба онҳо рағбат дорад, асосан рӯйдодҳои хандаовари безарар ё камзарар ва хушгӯиву ҳозирҷавобии шоирону адибон мебошанд. Ҳаҷвнигори тоҷик Имомназари Холназар бар ин аст, ки бе ҷавҳари танқидии худ ҳаҷв наметавонад, нақши иҷтимоияшро иҷро кунад. Шоири танзнавис Мирзо Файзалӣ мегӯяд, ҳаҷви солим ба манфиати ҷомеа аст ва ба пешрафти он хидмат мекунад. Хулосаи мунаққидон ин аст, ки баъд аз сари Бурҳон Ғанӣ ва Аҳмадшоҳи Маҳмадшоҳ ҳавҷнигори чирадаст зуҳур накардааст. Ва ҳаҷви ба истилоҳ "боиҷозат ва расмӣ" дар театру телевизион ё суруду мусиқӣ асосан рӯи гуфтори лаҳҷавию шевагӣ мечархад.
Дар ин барнома аз маҷаллаи як замон машҳури "Хорпуштак" ёд кардем ва дар гузориш аз Душанбе, аз нависандаи шинохтаи тоҷик, корманди ин маҷалла Бурҳон Ғанӣ ёд шуд, ки ӯро гоҳе Азиз Несини тоҷикон меномиданд. "Хорпуштак" маҷаллаи ҳизби коммунист буд, аммо кормандони он монанди Бурҳон Ғанӣ ва чанди дигар рӯҳияи дигарандешӣ ва демократӣ доштанд. Ҳоло барои бисёриҳо суол ин аст, ки оё Хорпуштаки машҳур куҷо шуд. Посухро ба ин савол ҳамкорам Нилуфари Собир ҷӯё шуда, дар посухи саволи ӯ сардабири "Хорпуштак" Басир Расо мегӯяд, дар солҳои 1993-95 маҷалла на захираи молӣ дошт, на кадр, на рангу коғаз ва танҳо акнун бо мадади Вазорати фарҳанги Тоҷикистон маҷалла дар се моҳ як бор нашр мешавад. Аммо мусаллам аст, ки ин дигар он "Хорпуштак" нест, ки бо теъдоди 150 ҳазор нусха чоп мешуд.

ЗАНГИ ТЕЛЕФОН

Як ширкаткунандаи қариб доимии баҳсҳо дар саҳифаи интернетии радиои Озодӣ, кайҳост, интизори занги мо буд, вале ҳамеша тағйире пеш меомаду ин сӯҳбат ақиб меафтод. Имрӯз ба ӯ занг задем ва маълум шуд, ки дар вақти начандон муносиб, зеро Бобои Умарбекзод дар қатор аз як шаҳри Белгия ва шаҳри дигар сафар мекард, ба мулоқот бо дӯстонаш, ки аз Тоҷикистону Афғонистон будаанд ва онҳо ҳар ҳафта дар манзили яке ҷамъ шудаву ёди ватан мекардаанд. Ҳаракати қатори роҳи оҳан сабаб шуд, ки се бор робитаи телефонӣ қатъ гашт ва мо интизор шудем, ки Бобои Умарбекзод ба манзил расад ва сӯҳбати аҷибе бо ӯ дошта бошем. Вай се сол боз дар кишвари Белгия зиндагӣ мекунад, забони ҳолландиро меомӯзад ва узви Кумитаи ҳуқуқи башари Белгия мебошад. Ба вазъият дар Тоҷикистон бисёр рағбат дорад, ҳамаи хабарҳои ватанро медонад ва ҳамаи нуқсонҳои онро низ ва орзу дорад, рӯзе ин ватан аз мушкилоти иқтисодӣ, вобастагиҳои сиёсӣ ба дигарон ва маҳалу минтақагароии мансабдорон наҷот ёфта ба як кишвари шукуфон ва озод мубаддал шавад.

Аммо хондан кай бувад монанди шунидан. Агар шунидан хоҳед, ин ду ҷумлаи сабзро такон диҳед.

Вобаста

XS
SM
MD
LG