Пайвандҳои дастрасӣ

Намоишгоҳи миллии Русия ба Душанбе меравад


Таҳти сарпарастии молии Русал, ширкати арзизи Русия, ки идомаи сохтмони иcтгоҳи барқи обии Роғун ва бунёди дуввумин корхонаи арзиз дар Тоҷикистонро бар дӯш гирифтааст, дар Тоҷикистон намоишгоҳи миллии Русия баргузор мегардад.
Сухангӯи Намоишгоҳи Марказии Русия Алексей Жиров дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар Маскав хабар дод, ки Намоишгоҳи миллии Русия бо ибтикори вазорати рушди иқтисоду тиҷорат, дафтари саноеъу бозаргонӣ ва маркази намоишгоҳҳои Русия охири моҳи ноябр ва аввали декабр дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе ифтитоҳ хоҳад шуд.
Сухангӯи намоишгоҳ ҳамчунин хабар дод, ки дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи миллӣ дар Душанбе ҳайати намояндагии Русия таҳти сарпарастии раиси Думаи Давлатӣ Борис Гризлов ширкат мекунад. Ба ҳайат Анатолий Чубайс, раиси ширкати РАО ЕЭС, намояндагони баландпояи ширкатҳо ва вазоратҳо шомил ҳастанд.
Алексей Жиров афзуд:
дар намоишгоҳи миллии Русия дар Душанбе ширкатҳои РАО ЕЭС, Русал, корхонаҳои мошинсозии КамАЗ, Ижмаш, корхонаи тракторсозии Челябинск, корхонаи пояфзоли резинии шаҳри Томск ва вазорати кишоварзии Русия намунаҳои колоҳои худро муаррифӣ мекунад.
Ба гуфтаи Алексей Жиров дар ҳошияи намоишгоҳ баргузории конфронси Русия -- Тоҷикистон: Таҷрибаи дӯстии таърихӣ ва дурнамои ҳамкорӣ, ҳамчунин намоиши иқтисодии Русия -- Тоҷикистон: Воқеъият ва дурнамо дар назар аст.
Вай дар дунболи сӯҳбати худ иттилоъ Маркази Намоишгоҳҳои Русия, ки дар замони шӯравӣ бо номи ВДНХ ва ё Намоишгоҳи умуми-иттифоқии комёбиҳои хоҷагии халқ ёд мешуд, тасмим гирифтааст, барои намоишгоҳи доимфаъоли Тоҷикистон толор ва ё павилйони вижа тартиб намояд, то Тоҷикистон битавонад ҳамасола дастовардҳои иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва фаннии худро ба маърази тамошо бигузорад.
Дар тавзеъ ба барномаи Намоишгоҳи Миллии Русия дар Тоҷикистон гуфта шудааст, ин намоишгоҳ бо дастури ҳукумати Русия барои роҳандозии созишномаҳои иқтисодии Русия ва Тоҷикистон, ки моҳи октябри соли 2004 ҳангоми боздиди президенти Русия Владимир Путин дар Душанбе ба имзо расида буд, баргузор мегардад. Гуфта шудааст, барои пиёдасозии ин созишнома ҷониби Русия ба иқтисоди Тоҷикистон на камтар аз ду миллиард доллар сармоягузорӣ хоҳад кард. Ба гуфтаи сухангӯи Намоишгоҳи Русия, дар назар аст, ки Тоҷикистон соли 2006 дар Маскав ҳамин гуна намоишгоҳ баргузор намояд.
XS
SM
MD
LG