Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хӯроку дорувори қочоқӣ дар бозорҳои Суғд


Сарвари идораи гумруки вилояти Суғд Нурмуҳаммад Ғаниев рӯзи сешанбе, 15 - уми ноябр гуфт, дар пайи сар задани бемории зукоми мурғ дар чанд кишвари ҷаҳон воридоти гӯшти мурғ ба вилояти Суғд таҳти назорати шадиди табибони маркази беҳдошт сурат мегирад. Аммо, ба гуфтаи вай, ба таври умум воридоти мурғ ва гӯшти он ба қаламрави Суғд ба мисли пеш озод, бидуни ҳеҷ як маҳдудият ҷараён дорад. Ҷаноби Ғаниев афзуд:

Вақте мол ба қаламрави вилоят ворид мешавад, идораи гумрук онро таҳти назорат гирифта, кормандони маркази беҳдоштро даъват мекунад ва баъди он ки онҳо иҷозати хаттӣ медиҳанд, мо онро ба расмияти гумрукӣ медарорем. Яъне, масъули ташхиси сифат ва сиҳатии гӯшти воридотӣ бар дӯши маркази беҳдошт мебошад.

Масъалаи сифати маҳсулоти воридотӣ ба вилояти Суғд, ба хусус, молҳои ғизоӣ ва дорувор аз масоиле буд, ки дар нишасти матбуотӣ бо масъулини идораи гумруки Суғд таваҷҷӯҳи хабарнигоронро бештар ҷалб мекард. Дар ҳоли кунунӣ бозору мағоза ва дорухонаҳои Суғд аз хӯрокворӣ ва дорувори пастсифат лабрез шудааст. Як тафтиши идораи стандарткунии Суғд ахиран дар рафҳои доруфурӯшиҳои вилоят беш аз 1800 намуди дорувори бесифатро ошкор сохт. Вале идораи гумурки вилоят барои ҷилавгирӣ аз вуруди дорувори пастсифат чӣ иқдом кардааст? Дар посух ба ин саволи хабарнигорон Нурмуҳаммад Ғаниев, сарвари идораи гумруки Суғд чунин гуфт:

Дар пайи он ки дар масъалаи сифати дорувори воридӣ даъво бисёр шуд, мо дар назди идораи гумрук ду амбори муваққатӣ кушодем. Дар он ҷо бо даъвати мо намояндагони идораи стандартдиҳӣ дорувори нав воридшударо ташхис намуда, ба он гувоҳиномаи сифат медиҳанд. Танҳо баъди он идораи гумрук дорувори воридиро ба расмият дароварда, пардохтҳои гумрукӣ меситонад.

Вале ба иттилоъи идораи гумруки Суғд, дар шароити феълӣ ин мақомот ба танҳоӣ наметавонанд аз вориди амволи пастсифат ба қаламрави вилоят комилан пешгирӣ кунанд. Зеро идораи гумрук танҳо 50 километр хати марзи Тоҷикистонро дар манотиқи шимолии кишвар таҳти назорат дорад, дар ҳоле ки вилояти Суғд бо кишварҳои дигар дорои тақрибан 1500 километр хати марзи муштарак аст. Ба гуфтаи масъулини идораи гумрук, қисмати умда аз амволи ғизоиву доруворӣ ба ҳудуди вилояти Суғд бо гузаргоҳҳои пинҳонии марзӣ, яъне ба тариқи қочоқ ва бидуни ҳеҷ назорат ва ташхиси сифат, ба фурӯш гузошта мешавад.
XS
SM
MD
LG