Пайвандҳои дастрасӣ

Муқаррароти нави сафари ҳаҷҷ


Имсол низ чун соли гузашта Кумитаи дини Тоҷикистон танҳо ниҳодест, ки ҳама масъулияти омодагӣ ба маросими ҳаҷ, мусофират ва бозгашти зойирин ба ватанро ба дӯши худ гирифтааст. Нусратулло Бекмуҳаммадов -як корманди Кумитаи дини Тоҷикистон, ки масъулияти сабти номи иштиёқмандони зиёрати Хонаи Худо дар Душанбе ва навоҳии тобеи марказро ба ӯҳда доштааст, гуфт, миқдори пардохти масрафоти маросими ҳаҷ дар муқойиса бо соли гузашта панҷсад доллар афзуда ба 2.300 $ расидааст.

Бино бар гуфтаи оқои Бекмуҳаммадов, аммо дар ин маблағ харҷи таҳияи шиносномаи хориҷӣ, қурбонӣ ва ғизойи зойирин дар назар гирифта нашудааст. Ӯ гуфт, бо тафовут аз солҳои пешин зойирин маболиғи худро ба суратҳисобҳои махсуси Амонатбонк ва шӯъбаҳои он дар навоҳии кишвар ирсол хоҳанд дошт, то бад-ин васила ниёз ба хидмати бархе аз афроди ба истилоҳи мардумӣ «ҳоҷибарак» боқӣ намонад. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, тибқи муқаррароти ҷадид имсол онҳое метавонанд, мушарраф ба зиёрати амокини муқаддаси мусалмонон шаванд, ки дар панҷ соли ахир ин маросимро анҷом надода бошанд. Нусратулло Бекмуҳаммадов афзуд, ки яке дигар аз тафовутҳои маросими ҳаҷҷи соли ҷорӣ пешбинӣ кардани квота ё нисоб барои навоҳӣ дар асоси шумораи аҳолии он мебошад.

Масъулини Кумитаи дини Тоҷикистон таъйид карданд, ки ба хотири омӯзиши маносики ҳаҷ ва мурооти он як раҳбалад ба ҳар панҷоҳ нафар ҳамроҳ хоҳад шуд, ки пардохти сафари ӯ низ ба дӯши зойирин вогузор шудааст. Ҳамчунин аз тафовутҳои муқаррароти имсол ҳудуди сӣ доллар ситонидани хидматона аз сӯи Кумитаи дини Тоҷикистон аз ҳар як ҳоҷӣ будааст.

Аммо бархе аз шаҳрвандоне, ки нияти зиёрати Хонаи Худоро доранд, бар ин назаранд, ки маблағи муқарраркардаи Кумитаи дини Тоҷикистон хеле зиёд буда ва шароит ва вазъи иқтисодии шаҳрвандонро ба инобат нагирифтааст.

Масъулини Кумитаи дини Тоҷикистон гуфтанд, дар назар аст, дар соли равон се ҳазор нафар ба шумули 700 нафари боқимонда аз маросими соли пешин ба тавофи Каъба ноил шаванд. Соли гузашта теъдоди зоирин аз Тоҷикистон ба 4.200 нафар расида буд. Ин ҳам дар ҳолест, ки вазорати ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ барои Тоҷикистон иҷозаи вуруди 6.000 зоирро ҳамасола додааст. Зоирин аз Тоҷикистон танҳо тавассути ҳавопаймо аз шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд мустақим ба Ҷидда парвоз хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG