Пайвандҳои дастрасӣ

Саги девонаро дору кулӯх аст!


Абдураҳмон Маҳмадшоев-муовини сарбайтори вазорати кишоварзии Тоҷикистон ҷонибдори ҳамин пешниҳоди ахирист. Ӯ мегӯяд, саг ҳам махлуқи худост ва набояд комилан маҳв гардад. Вале барои ҷилавгирӣ аз теъдоди ҳардамафзуни сагҳои кӯчагӣ бояд роҳи ҳамли онҳо баста шавад. Ба иттилоъи мутахассисин роҳи раҳоӣ аз варта дар эмгузаронӣ ва хунсо кардани сагҳост: «Дар тамоми мамлакатҳои тараққикарда барои насли сагҳоро кам кардан ҳамин корҳоро мекунанд. Дуввум бояд сагҳои зиёдатиро дар ҷойҳои махсус ҷамъоварӣ кунем»

Ин дар мавридест, ки теъдоди зиёди сагҳо мардумро ба ташвиш овардааст. Тибқи итилоъи расмӣ дар 9 моҳи соли ҷорӣ бар асари газидани сагҳо беш аз 11.000 одам ба бемористонҳои кишвар муроҷиат кард. Ин рақам дар соли 2001- 8000, дар соли 2002 беш аз 10.000 ва дар соли 2004 - 12.000 нафарро ташкил дод. Тибқи омори расмӣ тӯли 4 соли ахир беш аз 41.000 сокини кишварро саг газидааст. Танҳо дар хиёбонҳои марказии Душанбе - пойтахти кишвар 660 нафарро сагҳои ҳорӣ газидааст! Ва ин арқоми расмист ва афродеро дар бар мегирад, ки ба беморхонаҳо омадаанд. Сабоҳат Аҳмадбекова, мудири шӯъбаи амрози хатарзои маркази беҳдошт ва вогиршиноси Тоҷикистон мегӯяд:

«Ин омори расмист. Мо медонем, ки сокинони кишвари мо бо сабаби надонистани паёмади ин мараз ва набуди маблағ ба беморхона муроҷиат намекунанд ва онҳо усулан девона мешаванд. Тибқи омори расмӣ беш аз 95 дарсади мардуме, ки онҳоро саг газидаву онҳо ба духтур муроҷиат накардаанд, девона шудаанд. Теъдоди бо ҳамин иллат девона шудаҳо 15 нафар аст!»

Маркази байтории вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, ягона роҳи ҷилавгирӣ аз марази ҳорӣ эмгузаронии саросарии ҷонварон ва бо шиноснома таъмин кардани онҳост.

Қиммати як шиноснома барои саг 5 сомонист. Ва аммо мардуме, ки бар ивази 1 доллари амрикоӣ барои атфоли худ санади таваллуд намегиранд, оё барои саги худ бар ивази 1,5 доллари амрикоӣ шиноснома мегиранд? Абдураҳмон Маҳмадшоев мегӯяд:

«Албатта ашхоси нодор имкони гирифти шиноснома барои сагро надоранд ва онҳо аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ шиноснома мегиранд. Аммо аксари соҳибони сагҳо сарватманданд ва онҳо маҷбуранд шиноснома бигиранд»

То ҳанӯз танҳо дар Тоҷикистон беш аз 10.000 саг ва 100 сар гурба эмгузаронӣ шудааст. Масъулин тасмим гирифтаанд, ки ҳамакнун барои эмгузаронии сагу гурбаҳо ба манотиқи кишвар сафар кунанд. Байторон мегӯянд, то моҳи апрели соли 2006 пас аз комилан эмгузаронӣ ва бо шиноснома таъмин кардан, сагҳои бешиноснома комилан ба гурӯҳи ҳаявони ғайриқонунӣ шомил мешаванд ва сарнавишти онҳо торик боқӣ мемонад. Сагҳои дайдуро ҳадди ақал маҳв мекунанд. Ин дар мавридест, ки дар сурати пайдо шудани тоҷирон пӯсту равғани сагҳоро ба фурӯш мезананд. Илло онҳоро маҳв ва гӯр мекунанд.

Барои домгузории сагҳои дайду беш аз 100.000 доллари амрикоӣ лозим аст, ки буҷаҳои мақомоти дахлдор то ҳанӯз ин пулро надоранд. Барои мансух ва безарар намудани сагҳо хадамоти хидмати маишӣ (комуналӣ) байторӣ ва беҳдоштӣ муваззаф шудааст. Дар сурати пайдо шудани ин маблағ масъулин имкони дар фермаҳои махсус нигаҳдории сагҳои кӯчагиро пайдо мекунанд. Илло сагҳои бешиносномаро 4 моҳ ба баъд гурӯҳи корӣ заҳролуд мекунад.

Ва аммо то пайдо кардани ин маблағ ва ворид шудани он ба буҷаи мақомоти дахлдор позаҳри ягона барои ҳифз аз сагҳои дайду барои соири табаъаи кишвар санг аст...зеро гуфтаанд, «саги девонаро дору кулух аст!»
XS
SM
MD
LG