Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши Ғарб ба муҳокимаи гумонбарони рӯйдодҳои Андиҷон


Иттиҳодияи Аврупо ба нишони эътироз ба маҳкамаи гумонбарони хушунаткориҳои Андиҷон, ба зидди Ӯзбакистон таҳрим гузошт. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико изҳор намуд, ки ин муҳокимаи ноодилона буд.
Додгоҳи Ӯзбакистон 15 мардро ба гуноҳи, ба гуфтаи маҳкама, кӯшиши сарнагун кардани сохтори конститутсионии кишвар ва талош барои эҷоди халифати исломӣ ба 14 то 20 соли зиндон маҳкум намуд.
Дар изҳороти Иттиҳодияи Аврупо омадааст, ки Иттиҳодия фурӯши аслиҳа ба Ӯзбакистонро таҳрим мекунад ва 12 мақоми баландпояи Ӯзбакистонро ба муддати як сол аз ҳаққи сафар ба кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо маҳрум мекунад.
Дар Вошингтон сухангӯи Вазорати Корҳои Хориҷии Амрико Адам Ерелӣ гуфт, ИМА чунин мешуморад, ки ҳукми додгоҳ дар мавриди он 15 нафар бар пояи далелҳои ғайри қобили эътибор содир шуда ва ҷараёни маҳкама одилона набуд.
Адам Ерелӣ гуфт:

Мо аз ибтидо нигарониҳои худро дар мавриди ин парвандаҳо баён карда будем. Ва ман бори дигар такрор мекунам, ки рӯйдодҳои моҳи май дар Андиҷон ҳеҷ гоҳ мавриди тафтиши мустақилона қарор нагирифтаанд.


Адам Ерелӣ аз шарҳи мавқеъи Вошингтон нисбати паймони ҳамкорӣ, ки 14 уми ноябр дар Кремл байни Ӯзбакистон ва Русия имзо шуд, худдорӣ намуд.
Тибқи паймони нав, Русия ва Ӯзбакистон аз ҷумла ҳамла ба яке аз ин кишварҳоро ҳамла ба муқобили ҳарду кишвар мешуморанд. Паймон ҳамчунин ба Русия имкони истифода аз пойгоҳи ҳарбӣ дар қаламрави Ӯзбакистонро медиҳад.
XS
SM
MD
LG