Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

IMF: "Вомҳои Тоҷикистон бахшида хоҳанд шуд."


Сиёсатҳои дарозмуддати иқтисодӣ ва молиявии ҳукумати Тоҷикистон ва роҳҳои иҷрои Барномаи коҳиши фақр дар ин кишвар дар мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва ҳайъати Сандуқи байнулмилалии пул (International Monetary Fund - IMF) таҳти сарварии Карлос Пинеруа баррасӣ шуданд. Зикр гардид, ки дар даҳ моҳи соли равон ҳаҷми тавлидотт нохолиси миллӣ 5,3 дарсад афзоиш ёфта, сатҳи таваррум қариб 6 дарсадро ташкил додааст. Ҷаноби Пинеруа гуфт, ҳайъат ҳамчунин бо президенти Тоҷикистон пешниҳоди ҳаштгонаи пешрафтаи саноатиро баррасӣ кард, ки тибқи он бояд қарзи кишварҳои нодор бахшида шаванд. Вай изҳори умедворӣ кард, ки Тоҷикистон низ ба номгӯи кишварҳое дохил хоҳад шуд, ки як бахши умдаи воми онҳо бекор эълон хоҳад шуд. Интизор меравад, дар поёни моҳи декабр IMF ин пешниҳодро баррасӣ кунад ва қисме аз қарзҳои Тоҷикистон бахшида шаванд.
Тоҷикистон аз 27-уми апрели соли 1993 ба Сандуқи байнулмилалии пул шарик шуда, моҳи феврали соли 2002 дар муносибати миёни ду тараф халал ба миён омада буд. IMF эътироз карда буд, ки мақомоти Тоҷикистон дар бораи корбурди кӯмакҳои молӣ гузориши носаҳеҳ медиҳанд ва бархе аз вомҳо дар барномаҳои дигар истифода мешаванд. Бо маъзаратномаи ҳукумати Тоҷикистон ин мушкил ҳалли худро пайдо кард. IMF ҳамчунин ҳаммуаллифи барномаи иcлоҳоти сохторӣ дар Тоҷикистон аст.
XS
SM
MD
LG