Пайвандҳои дастрасӣ

Озмуни зебоӣ ё даъват ба диско?


www.miss.tj Агaр шумо ба ин саҳифа ворид шавед беш аз 50 акси духтаронеро мебинед, ки дар озмуни маликаи ҳусн ширкат мекунанд. Ба озмуни маликаи ҳусн 200 хоҳишманди аз 16 то 28 сола ҳуҷат ва акс фиристодааст, ки аз миёни онҳо 50 акси беҳтарин ба даври аввали озмун роҳхат гирифтааст. Шурӯъ аз моҳи ноябр корбарони саҳифаи интернети бо тариқи овоздиҳи бонуи зеборо муайян мекунанд ва танҳо 10 нафаре, ки соҳиби холи баланд мегарданд ба даври дуввум роҳ меёбанд.
Созмондиҳандаи озмуни мазкур Ҷаҳонгири 14 сола будааст, ки феълан дар Маскав таҳсил ва зиндагӣ мекунад. Аммо барои таъсиси чунин як озмуни байналмилали ба онҳо родиои Ватан кӯмак кардааст. Вера Кулакова, ки яке аз созмондиҳандаи озмуни miss.tj ба ҳисоб меравад мегӯяд, ҳадафи аслии озмун муаррифии чеҳраҳои зебойи тоҷикона ба оламиён аст.
"Мо ба ин наврасон ёрӣ кардем, ба хотири ба даст овардани боварии мардум онҳоро ба сарпарастӣ гирифтем. Зеро таи панҷ соли ахир дар Тоҷикистон чунин озмунҳои зебойи баргузор намешаванд ва агар баргузор ҳам мегардиданд ҷойҳои аввал фурӯхта мешуданд, ки сабаби дилсардии мардум гардида буд.
Ҷаҳонгир бо маблағи худаш саҳифаро ташкил дод, ва ба хотири сарфа кардани маблағ қарор додем, ки ҷараёни озмун тариқи интернет сурат бигирад ва танхо даҳ бонуи ба даври дуюм роҳхат гирифтаро ҳамроҳи дӯстонашон ба ягон дискоклуб даъват намоем. Хубии ин озмун дар он аст, ки духтарон дар саҳна дар назди тамошобинон баромад намекунанд, ки маъмулан волидонашон ба ин монеъа эҷод мекунанд. Балки дар хона якчанд акси зебояшонро интихоб карда мефиристанд ва интизор мешаванд, ки кай ба онҳо овоз медиҳанд. Агар нафаре ғолиб ояд ин на ба он хотираст, ки ӯ дӯсти ягон нафари мо аст, танҳо шахсест воқеъан зебо ва аз рӯйи адолат ғолиб омадааст."
Дар ду ҳафтаи моҳи ноябр теъдоди корбарони саҳифаи miss.tj афзудааст. Дар як рӯз аз 150 то 500 шахс аз ин саҳифа дидан мекардаанд. Дар асоси арзёбии портали mail.ru баъди саҳифаи хабарии avesto.tj дар ҷойи дуввум саҳифаи miss.tj сермуштари маҳсуб меёбад.
Вера Кулакова афзуд:
"Яъне ин гувоҳи он аст ки мо ба он сатҳе ки мехостем расидем."Ба ин озмуни интернети ғолибан на духтарони тоҷик балки духтарони кишварҳои ҳамсоя ба монанди Ӯзбакистону Русия, баъзе давлатҳои авруппо ё билохира он тоҷикдухтароене, ки дар донишкадаҳои хориҷа таҳсил мекунанд таваҷҷӯҳ зоҳир кардаанд. Дар аксари ин аксҳо, ки ба маърази тамошо гузошта шудаанд бадани урён ё ҳаракату чеҳраи дорои хусусияти фахш ба назар мерасанд. Заррина як донишҷуйи тоҷик мегӯяд аз ин гуна сайтҳо метавонанд нафароне истифода кунанд, ки ҳадафҳои дигар доранд.
"Дар саҳифаи Интернет ба намоиш гузоштан, ба монанди худро ба фурӯш гузоштан аст. Ба одоби тоҷиконаи мо ин чиз тамоман мувофиқ нест. Аксари духтарон бо аксҳои бешармии худ дар озмун иштирок мекунанд, магар ин айб нест?Садорати озмун бояд ба ин масъала ҷидди муносибат карда ҳама намуди аксҳоро ба маърази тамошо нагузорад."Озмуни miss.tj 20 январи соли 2006 ҷамъбаст мегардад ва ба ғолиби он телефони 3G насли нав, ки дорои дастҳгоҳи видео ва дигар амалиёти муосир мебошад, тақдим мешавад.
Вера Кулакова гуфт дар назар аст, ки родиои Ватан барои ҷавонмардон низ чунин озмунро баргузор бикунад.
XS
SM
MD
LG