Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳсил дар хориҷа


Ман худам дар ду донишкадаи хориҷа ва як донишгоҳи Тоҷикистон таҳсил кардаам. Дар муқоисаи сатҳи донишомӯзонии муаллимон ва плани хониш гуфтаниам, ки донишкадаҳои Тоҷикистон хеле харобанд. Агар аттестатсияи муаллимони мактабҳои олии Тоҷикистонро аз ректорон сар карда, то муаллимони оддиро комиссияҳои мустақил аз ҳисоби донишгоҳҳои намоёни хориҷӣ мегузарониданд, баъд сатҳи дониши муаллимони мактабҳои олии Тоҷикистон маълум мешуд.
Салеҳ

Салом Озодӣ
Чун худам дар Аврупо таҳсил дорад, хеле хушнудам, ки Озодӣ чунин масъалаи аҷибро кушодааст. Ба он бародаре, ки сипосгузори "президенти азизи" Тоҷикистон аст, гуфтаниам, ки дар оянда ва ҳозира ҳам танҳо ҳавои тоза ва "беғубори" ватан онро Биҳишт намесозад. Онро рушди илм, технология, саноат, иқтисоди пешрафта биҳишт месозад. Чун каме инҳоро дар Тоҷикистон мебинем, фикр намекунам, ки танҳо бо суханони президенти Тоҷикистон ватан биҳишт мешавад. Ман бо бисёри онҳое, ки фикри худро дар ин ҷо изҳор кардаанд, то андозае розиам. Бале рад намекунам, ки бештар дар хориҷа писарони вазирон мехонанд, аммо ин маънои онро надорад, ки чунин мутахассисони оянда наметавонанд, барои пешбурди ҷомеа саҳмгузорӣ намоянд.
Ва баъдан тарафдори онам, ки аз Тоҷикистон мо дар донишгоҳҳои пешрафтаи ҷаҳон бештар донишҷӯ таҳсил намояд, то ки Тоҷикистон қафомондаро ба як давлати беҳтар табдил намоянд. Сиёсатеро бояд пеш гирифт, ки ба барои беҳбуди зиндагии ҳамагон манфиате расонад, Тоҷикистон тавонад, овоз ва мавқеи худро дар иртиботҳои байналмилалӣ ёбад. На оне ки ҳар рӯз ягон ҷашнвораи сиёсатмадорон фикр кунанд ва маблағи беҳуда барои ҷашнвораҳои беҳуда сарф намоянд. Ба фикри ман Тоҷикистон ба он хонаводае монанд шуда истодааст, ки ҳар дам барои ҳар ҷашнворае, ё солгарде, ё таваллуде баҳона ҷуста, ҷашн барпо мекунад.
Ташаккур
Сардор
(Ingliston. Landan)


Таҳсил дар хориҷа хуб аст агар ба хориҷа касони боирода ва боақида донишомӯзӣ раванд. Аз таҳсилдидагони хориҷа тоҷикон фақат фанду лат дидаанд. Пантуркистон ва русшудагон. Ҳар кас ки дар мактабҳои олии фарсуда ва ришватзадаи Тоҷикистон хонда наметавонад, хориҷа ҳам ӯро кас карда наметавонад. Дар Амрико донишҷӯи аз мактаби миёна бо сари холӣ баромадаи мо чӣ меомӯзад? Забони англисӣ. Ҳамон ҳам он қадар ки барои худи ӯ зарур аст. Дар Эрон чӣ? Ҳеҷ. Ҳол он ки ҳам дар Амрико ва ҳам дар Эрон як донишҷӯи хуб будан имкон дорад. Донишҷӯёни мо мераванд ва зебоиҳои ин кишварҳоро дида даҳан воз мемонанд ва дармеёбанд, ки Тоҷикистон қафо рафтааст. Дуруст, вале ку бардошт? Чӣ чизеро аз Амрико ва чӣ чизеро аз Эрон гирифтан мумкин аст? Барои ин шуур даркор. Тоҷикистон Тоҷикистон буда метавонад. Давлати кӯчакро ақли бузург мебояд. Худ дар хориҷа будам, афсӯс на ба ҳайси донишчӯ.
Дуввум. Дар Тоҷикистон мисли айёми шӯравӣ кадрҳои хориҷаро ҷосусони ҳамон кишвар мепиндоранд ва шояд дуруст ҳам пиндоранд. Аммо ҳукумати Тоҷикистон ҳам наметавонад, ки ин кадрҳоро истифода кунад. Ҷиян ё бачаи худӣ даркор, ки гапгир бошад. Иштибоҳ андешиданҳои мо хеле зиёд аст.
Илтимос
------------------------
Ба назари ман, таҳсил дар хориҷа замоне ба манфиати ҷомеа хоҳад буд, ки эшон (донишҷӯён тоҷикистонии дар хориҷбуда) бо хоҳиши худ рафта бошанд. Агар онҳо фарзандони ВАЗИРУ КАБИР бошанд, пас фикр мекунам таҳсили онҳо ба мафиати ҷомеаи имрӯзаи ТОҶИКОН ва ТОҶИКИСТОН равона намегардад. Ин гуна донишандӯзон на баҳри пиёда сохтани мақсадҳо, балки аз рӯйи ҳавою ҳавас ва инчунин ифтихори падарони ришвахори хеш ҳастанд, то падаронашон-писарам дар хориҷа мехонад гуфта - ифтихор кунанд. Ман аминам, ки ҳеҷ як вазиру кабир дар Тоҷикистон наметавонад аз ҳисоби даромади ҳалоли худ нафақаи фарзанди дар хориҷа таҳсил мекардагиашро пардохт намояд.
Инчунин аксари онхо дар зери мафкура ва иеологияи соири давлатҳои ғарб камоли маънавӣ дида аз Тоҷикистон як навъ "нафрат" мекунанд. Зеро маънавияти ҷомеаи мо ба чомеаи ғарбӣ созгор нест. Аммо дониши худро барои манфиати миллати худ сайқал додан дар куҷое, ки бошад зарур аст.
Иршоди ИНТИҚОД,
шаҳри Душанбе

--------------------------------
Таҳсил дар хориҷа орзуи деринаи ман аст ва хоҳад буд, зеро аз хурдӣ дар бораи Аврупо ва Амрико беҳтарин тахайюлот ва тасаввуроти аҷиберо ба ман нақл мекарданд. Аммо аз сабаби он ки падару модар ё хешони ман дар беҳтарин созмонҳои хориҷӣ ва муассисаҳои баландмартабаи Тоҷикистон фаъолият намекунанд, аз ин ҳисоб орзуи ман ҷомаи амал намепӯшад. Вале хуб аст, ки солҳои охир ташкилоти амрикоии IREX барои донишҷӯён барномаеро мураттаб карда, ки тавассути супоридани имтиҳон ва сӯҳбатҳо ҳар нафари англисидон метавонанд, соҳиби роҳхат ба хориҷа шавад. Аслан, таҳсил дар хориҷа ба фарзандони миллати тоҷик чӣ медиҳад? Ин масъала ханӯз бароям рӯшан нест. Чунки ҳамон парнтуркистон низ ҳама донишмандоне буданд, ки дар давлатҳои пешрафтаи дунё таҳсил карданд. Пас, ин ба амнияти фарҳангии бақои миллии тоҷикон хатар надорад? Ҳамчунин дар қатори дигар донишҷӯён духтари президент Раҳмонов ҳам дар хориҷа таҳсил мекунад. Барои мо муҳимтар ин мавзӯъ буд, ки донишҷӯёни тоҷик дар хориҷа чӣ гуна зиндагӣ мекунанд, хоса духтари Раҳмонов!
Бо арзи салом ба кормандони
родиои Озодӣ,
Дабири Кабир аз ноҳияи Ашт.
-----------------------------------
Фақат ҳаминро гуфтаниям, ки донишҷӯ набояд дар вақти таҳсил дар бораи пулкоркунӣ фикр кунад. Ва таҳсил дар хориҷ ё дохил аз ҳам фарқ надорад. Ба кадом забоне ки бошад, мазмун як аст. Вале инро бояд иқрор кард, ки сатҳи илм дар Тоҷикистони азизи мо паст рафтааст. Кадрҳои беҳтарини ватан фирор карданд. Сиёсати давлат дар соҳаи маориф нав нест ва рӯякӣ ба назар мерасад. Грантҳои хориҷие ки аз давлатҳои пешрафта дода мешаванд, ба таври одилона тақсим намешаванд ва на ҳамаи ҷавонони болаёқат метавонанд, таҳсил кунанд.
Зуҳур
---------------------------
Салом ва дуруди бепоён ба радиои Озодӣ!
Ман яке аз мухлисони ашаддии шумо мебошам.
Ба ман мавзӯъи баҳс бисёр ҳам хуш омад ва чанд мудат боз интизори ҳамин гуна баҳс будам. Ман дар хориҷ аз Тоҷикистон таҳсил мекунам ва Худовандро шукри беҳад мегузорам, ки маро муваффақ гардондааст. Аввалан, дар хориҷа таҳсил кардан ин тафаккур, ҷаҳонбинӣ, маданият, одобу ахлоқ ва рафтору шуфтори шахсро мукаммал мекунад (агар шахс худ инро хоҳад). Баъдан, меҳру муҳаббат ба ватанро ҳам зиёд мекунад, яъне кас ватандӯстдор мешавад. Дареғо имрӯз аз Тоҷикистони мо фақат писарони оилаҳои пулдор дар хориҷа хонда метавонанд ва интихоби онҳо дар Тоҷикистон махфӣ мегузарад. Ман медонам, ки давлатҳое чун Олмон, Чин, Ҷопон, Фаронса бо Тоҷикистон шартнома доранд ва аз сармояи худ ҷавонони умедбахши тоҷикро ба таҳсил даъват мекунанд. Вале мақомоти тоҷик ба ин ҷойҳо асосан фарзандони мансабдоронро, ки гоҳе оддитарин лаёқати таҳсилро надоранд ва тоҷиконро шармсор мекунанд, мефиристанд. Орзуи ман ин аст, донишгоҳҳои мо ба сатҳи ҷаҳонӣ бардошта шаванд. Устодон аз хориҷа барои дарс додан даъват шаванд ва ҷавонони кишварҳои дигар орзу дошта бошанд, ки дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсили илм кунанд. Ва даъвати ман аз донишҷӯёне, ки дар кившарҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, ин аст, ки биёед НАНГУ НОМУС карда, баъд аз итмоми таҳсил ба ватан баргардем ва ватанро обод кунем ва фарзандони содиқи ватан бошем.
Дар амони Худованд бошед.
Ҷовидон
--------------------------
Таҳсил дар хориҷа: маблағ аз куҷо?

Таҳсил дар хориҷа имрӯз барои ҷавонони тоҷик ва умуман сокинони Осиёи Марказӣ хеле ташвишовар ба чашм мерасад. Ин дар навбати аввал мушкилот ва масъалаҳои ҳалталаби худро дорад. Ин чо суоле бармеояд, ки имрӯз чи мушкилот садди роҳи ҷавонон гаштааст, ки дар хориҷа таҳсил намуда бошанд? Як коршинос дар ин маврид чунин андеша баён кард:
"Масъалаи таҳсил дар хориҷа чанд мушкил дорад. Ин дар навбати аввал набудани маблағ ва дар баъдан надонистани забон, урфу одат ва маданияти он кишвари хоричист. Аммо бархе аз кишварҳо ва донишгоҳҳои муайян ба ҷавонони нодори кишварҳои камбағал ёрдам мекунанд, ки дар хориҷа таҳсил кунанд. Онҳо низ мехоҳанд, ки ин ҷавонон маданияти кишвари худро ба армуғон оранд ва дар донишҷӯёни дигар рӯҳи таҳаммул ва созгорӣ эҷод кунанд. Дигар ин ки худи Тоҷикистон барои чунин таҳсил маблағ ҷудо мекунад, аммо маълум нест, интихоби ин донишҷӯён чигуна сурат мегирад. Барои ҷавононе, ки дар деҳоти Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, гумон аст, чунин имконият даст диҳад."
Фаридун як донишҷӯ дар ин бора чунин иброз дошт:
«Ҳарчанд аз ҷавонӣ орзу мекунам, ки дар хориҷа хонам, буҷаи оила ба ин кифоят намекунад. Масалан, дар Русия барои таҳсилоти буҷавӣ дар як сол 4 000 доллари амрикоӣ лозим аст. Аммо барои донишҷӯёне, ки тариқи шартнома таҳсил доранд, дар як сол то 8 000 доллар зарур аст. Ин маблағ барои ман ғайриимкон аст».
Вале як ҷавоне, ки чанд рӯз пеш аз таҳсил аз хориҷа баргашт, мегӯяд: "Ман чанд рӯз қабл аз Ландан баргаштам, таҳсил дар он ҷо хеле хуб буд. Чор соли таҳсилро гумон мекунам, ки дар як муддати кӯтоҳ ба анҷом расонидам. Мехоҳам, минбаъд низ таҳсили худро дар хориҷа идома диҳам."
Аммо ба суоли он ки маблағро барои таҳсил аз куҷо ёфтед, гуфт: "Бештари мамлакатхои хориҷӣ имрӯз дар ҷумхурӣ озмунҳои гуногун барои таҳсил дар хориҷа доир менамоянд. Албатта, ширкати ман дар чунин озмунҳо хеле фаъол аст. Агар кас меҳнат кунад, доимо дар талошу мутолиа бошад ва мақсад гузорад, ки ояндаи ӯ дар дасти худаш бошад, албатта, подоши амалашро мегирад."
Алишер, шаҳри Хуҷанд
----------------------------------
Хориҷа ҷои таҳсил нест! Чи тавре ҷаноби олӣ мӯҳтарам Э. Ш. Раҳмонов дар вохӯрӣ бо ҷавонони мамлакат изҳор доштанд, Тоҷикистон ҷаннати рӯи замин аст. Он обу ҳавое, Тоҷикистон дорад ягон давлати рӯи замин надорад.
Далер
----------------------
Дӯсти азиз!
Ман ҳам сад ҷон розиям, ки дараҷаи таҳсили олӣ дар Тоҷикистон баробари Амрико ва ё Ҷопон бошад, локин дареғо ин тур нест ва ба зудӣ нахоҳад шуд. Чи 5 сол дар донишгоҳи ватан хониву чи 5 моҳ дар донишгоҳи хориҷӣ. Аммо саволи аслӣ ин аст, ки ҷавонони тоҷик дар хориҷа таҳсил кардаву сипас оё андӯхтаҳои худро дар хизмати худ мегузоранд ва ё ватан. Махсусан баччаҳои вазиру мансабдорон, ки аз пули Тоҷикистон таҳсил мекунанд, дигар ба ватан барнамегарданд ва вазорати маориф ҳам аз пайи онҳо нест.
Назар,
донишҷӯ дар Лаҳистон, ки
ҳатман ба ватан хоҳад баргашт.

--------------------------------
Таҳсил дар хориҷа дар назари аввал саривақтӣ ва хеле зарурист. Гумон мекунам, ки ҷавонони тоҷик бояд имрӯз дар хориҷа бештар таҳсил намоянд. Лекин таҳсил бояд ба таври шаффоф сурат гирад. Дар баъзе мамлакатҳо таҳсил ба таври ғоявӣ ё ин ки идеявӣ сурат мегирад. Як дӯстам, ки дар Туркия таҳсил дошт, чанд сол пеш гуфта буд: "Таҳсил дар Туркиё ба мафкураву ҷахонбинии ман хеле таъсири ҷиддӣ гузошт". Ба саволи он ки чаро таҳсилро дар ин кишвар ба қатъ кардӣ, гуфт, дигар намехохам дар зери идеоложии туркгароӣ бошам.
"Ман дар Туркиё орзуву ормони дигар доштам, аммо ин ҳадафҳо маро аз омӯзиш бозмонданд"- мегӯяд ӯ.
Ба гуфтаи бархе аз коршиносон имрӯз ақидаи таҳсил дар хориҷа ранги дигар гирифтааст. Ба гуфтаи онхо ин раванд танҳо аз фақру бенавоии мардум маншаъ мегирад. Масалан, ҷавоне, ки имрӯз таҳсил дар хориҷаро орзу мекунад, як мақсади асосӣ дорад. Ин мақсад соҳиб шудан ба маблағҳои зиёд аст. Ҷаҳонбинии бисёре аз онҳо хеле танг буда, ки хоричаро макони маблағу "дуллор"-ҳо медонанд.
Додварз
--------------------------
Ба назари ман таҳсил дар хориҷа чанд тарафи мусбат дорад:
1. аз ҷиҳати рушду тавсеаи илм дар хориҷа.
2. аз ҷиҳати ҷаҳонгардӣ.
3. шиносоӣ бо фарҳанги мардум ва кишваре, ки дар он таҳсил мекунӣ.
4. фаҳмидани ғурбат ва дурӣ аз ватан ва ҳамчунин фоидаҳои дигаре.
Беимзо
------------------------
"...агар имкон доред, ба Амрикову Русияву Мисру Ҷопон, ба тамоми нукоти дунё барои таҳсил биравед."
То кай фарзандони тоҷик ба мулкҳои бегона сафар кардаву дониш меомӯзанд. Ба фикри шумо, зиндагӣ дар Амрикову Инглистон ин қадар осон асту сӯми дархост аз хонаи падари донишҷӯён фаровон меояд? Намешавад, ки сатҳи маориф, мактабҳо, мактабҳои олиро дар худи ВАТАНИ АЗИЗИ худамон баланд бардорему аввалин қадамро аз он ҷо сар кунем? Аввал ҳар кас бояд хонаи худро обод кунад. Аз сӯи дигар оё онҳое ки чандин сол дар кишвари дигар зиндагӣ мекунанд, дубора ба Тоҷикистон бармегарданд?

Боҷ-ҷон
______________

Дониш талабу бузургӣ омӯз,
То беҳ шавад рӯзат аз рӯз.

Ин ду мисраъ барои ман шиори зиндагист, чунки тайи солҳои таҳсил дар макотиби мухталиф дурустии онро ба хубӣ дарк кардаам.
Мо, тоҷикҳо аз 7 то 70-сола ҳама бояд як нуктаро хуб дарк кунем, ки ягона роҳи беҳбуди вазъи зиндагиамон ин донишомӯзӣ ва таҳсил аст.
Агар барои донишу таҳсили худ ва ё фарзандат 10 сомонӣ сармоягузорӣ кардӣ, итминони комил дошта бош, ки дер ё зуд ҳадди ақал 1000 сомонӣ фоидаашро хоҳӣ дид.
Ва барои таҳсил хурдтарин имконро бояд истифода кард. Ва чуноне, ки ҳазрати пайғамбар гуфтааст "Дунболи илм биравед, агар дар Чин ҳам бошад", агар имкон доред ба Амрикову Русияву Мисру Ҷопон, ба тамоми нукоти дунё барои таҳсил биравед ва боз ҳам мутмаин бошед, ки садҳо баробар манфиати таҳсилро хоҳед дид.
Дар замони ҳозир барои пешрафту тавсеаи як миллату як кишвар маҳз кадрҳову мутахассисон дар бахшҳои гуногун нақши асосӣ доранд. Ва миллате, ки ба қадри кофӣ мутахассис надорад, хамеша камбағалу хору зор хохад монд.
Имрӯз то ҷое, ки ман - ба тозагӣ хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Маскав - хабар дорам, танҳо дар макотиби олии шаҳри Маскав, шукри Худо, наздик ба 1000 нафар ҷавонони тоҷик таҳсил мекунанд. Агар бахши асосии ин донишомӯзон аз тариқи барномаҳои давлатӣ ба таҳсил омада бошанд, нафароне ки худ таҳсили худро пардохт мекунанд низ кам нест.
Кош ин адад ба даҳҳо ҳазор расад.
Кош ҳар як тоҷик то мағзи устухонаш зарурати донишомӯзиву хунарандӯзиро ҳис кунад ва хуб дарк созад, ки ягона роҳи наҷот аз камбағаливу ночорӣ боз ҳам донишомӯзист.
Мирсаид,
Маскав
XS
SM
MD
LG