Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Толеъ Холназаров - дуввумин дар ҷаҳон


Сию панҷумин мусобиқоти ҷаҳонӣ дар шаҳри Майамаи Иёлоти Флоридаи Амрико бо ширкати ҳудуди 250 варзишгар аз 50 кишвари дунё тӯли шаш рӯз идома кард. Собиқ қаҳрамони ҷаҳон ва Осиё Толеъ Холназаров дар як навъи рақобатҳо дар вазни то 90 кило бо натиҷаи 345 кило мақоми дуввумро касб намуд. Андрей Тарасенко аз Русия бо натиҷаи 352,5 кило мақоми аввал ва Дмитрий Ворона аз Қазоқистон бо натиҷаи 337,5 кило мақоми севумро ишғол карданд. Натоиҷи ба даст овардаи Толеъ Холназаров дар ду навъи дигари рақобатҳо - 190 кило - ҷои чаҳордаҳум ва 290 кило - ҷои дувоздаҳум мебошад.

Ба ин тартиб, вазнбардори тоҷик дар се навъи рақобатҳо бо натиҷаи умумии 825 кило байни 23 ширкаткунандаи мусобиқот аз 22 кишвари ҷаҳон дар вазни худ мақоми шашумро касб намуд. Андрей Тарасенко бо натиҷаи умумии 950 кило ғолиби мутлақи мусобиқот гардид. Микел Вилк аз Лаҳистон бо натиҷаи умумии 925 кило соҳиби мақоми севвум шуд. Байни дастаҳо тими мунтахаби Русия мақоми аввал, тими Лаҳистон мақоми дуввум ва тими Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мақоми севумро соҳиб гаштанд. Тоҷикистон миёни кишварҳои ширкаткунандаи мусобиқот дар ҷои 23-юм қарор гирифт.

Ва як хабар барои ҳаводорони баскетбол. Мусобиқоти қаҳрамонии баскетболи Тоҷикистон байни дастаҳои занона бо пирӯзии тимҳои баскетболи шаҳри Душанбе ба поён расид. Ин мусобиқот бо ширкати се дастаи пойтахти ин кишвар ва тими шаҳри Турсунзода дар толори бозиҳои дастии Душанбе тӯли се рӯз идома кард. Дастаи Душанбе - 2, ки дар бозии ниҳоӣ бар тими Душанбе-1 бо натиҷаи 60 бар 56 ғалаба кард, бо медалҳои тиллои мусобиқот сарфароз гардид. Дастаи Душанбе-1 бо медалҳои нуқра ва тими ҷавонони пойтахти Тоҷикистон бо медалҳои биринҷӣ сарфароз шуданд.
XS
SM
MD
LG