Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳафтаи маорифи байнулмилалӣ дар Тоҷикистон


Cалими Аюбзод

Дар чаҳорчӯби барномаҳои марбут ба Ҳафтаи маорифи байнулмилалӣ, ки бо кӯшиши сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон ва созмонҳои хориҷии ғайридавлатӣ оғоз ёфтааст, дастовардҳо ва навгониҳои низоми омӯзишу парвариш дар ИМА муаррифӣ мешаванд. Ин як ташаббуси якҷояи Вазорати корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳида ва Вазорати маорифи ин кишвар буда, ҳадафаш шинохти муҳити ҷаҳонии табодулаи тарафайн дар миёни Амрико ва дигар кишварҳост.
Мақсади амалии Ҳафтаи маорифи байнулмилалӣ ҷалби шахсон ва ниҳодҳои гуногун ба табодули донишомӯзон буда, дар он метавонанд, мактабу донишгоҳҳо, сафоратҳо ва созмонҳои байнулмилал, иттиҳодия ва ҷомеъаҳо ширкат ва ҳамкорӣ кунанд.
Дар соли таҳсили 2002-2003 дар Амрико 570 ҳазор донишҷӯи байнулмилал таҳсил мекард.
Дар барномаҳои Ҳафтаи маорифи байнулмилалӣ дар Тоҷикистон якҷо бо сафорати Амрико дар Тоҷикистон созмонҳои IREX, ACCELS, RELIEF International низ ширкат мекунанд.
XS
SM
MD
LG