Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эмомалӣ Раҳмонов ба раиси маркази исломии кишвар чӣ гуфт?


«Вечерний Душанбе» дар ҳаҷми тақрибан се саҳифа гузорише аз Маскав дар бораи тарҳи авфи ҳиҷратӣ чоп кардааст. Дар он аз қавли бархе аз мақомоти рус оварда шудааст, ки Русия бо иллати коҳиши таваллуд ва афзоиши мӯътодиву бадмастӣ миёни ҷавононаш мувоҷеҳи хатари демографӣ аст ва имрӯз, танҳо роҳи наҷоти Русия, роҳандозии сиёсате барои ҷалби муҳоҷирон будааст. Ва аммо сиёсати имрӯз, баръакс, як фишор ва танговарӣ болои муҳоҷирон номида шудааст. Агар қаблан Русия дар муҳоҷирон хатаре ба амнияти худ медид, акнун коҳиши ҳиҷрат ба Русия хатари аслӣ ба амнияти ин кишвар унвон шудааст. Дар мавриди Тоҷикистон гуфта шудааст, агар мақомоти ин кишвар мавзӯъи тамдиди мӯҳлати зисти бидуни қайд то ба се моҳро бо Русия ба миён бигзоранд, Русия омода аст, муроҷиати расмии Душанберо дар ин маврид ба баррасӣ бигирад.

«Азия -Плюс» ҳам дар бораи муҳоҷирон навиштааст, вале на муҳоҷирони берун аз марз, балки дохилӣ. Соли 2002 беш аз 1.500 нафар аз Роштқалъаву Кӯлоб ба ноҳияи Бешкенти вилояти Хатлон кӯчонида шуда буданд. Хабарнигори нашрия аз маҳаллоти муҳоҷирон дидан кардааст ва тибқи навиштаи ӯ, ин муҳоҷирон бо гузашти се сол аз ҳиҷрати худ ҳанӯз ҳам аз беобиву бекориву бедухтурӣ ранҷ мебурдаанд.

«Народная Газета» гузориши бузурги расмиеро дар мавриди вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии Тоҷикистон дар нӯҳ моҳи соли ҳолӣ нашр кардааст. Мувофиқи арқоми расмӣ, маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ, саноат, кишоварзӣ, сохтмон, ҳамлу нақл, тиҷорат, хидматгузорӣ ба аҳолӣ, ҳадди ақали маош ва нарху наво – ҳама дар муқоиса бо соли гузашта афзоиш ёфтааст. Сатҳи ҷинояткорӣ низ.

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» бо Амонулло Неъматзода, раиси маркази исломии кишвар сӯҳбате атрофи вохӯрии домулло бо президент Раҳмонов анҷом додааст. Домулло Неъматзода гуфтааст, дар сӯҳбаташ бо президент, мавзӯъоте аз қабили масрафоти зиёда аз имкони мардум дар маъракаҳо ва сатҳи саводнокии ҷавонону наврасони кишвар матраҳ буд. Домулло гуфтааст, пас аз вохӯрӣ бо раисҷумҳур, маҷлиси имом - хатибон даъват шуда ва ба онҳо супориш шудааст, ки «Ҳатман рӯзномаи бачагони масҷидравро санҷида бинанд, зеро бачае, ки дар мактаб хуб таҳсил намекунад, ба масҷид омадани ӯ, ҳам барои худаш ва ҳам барои намозгузорони дигар ташвиши иловагӣ ҳасту халос. Давлат ва маркази исломӣ ҳеҷ касро аз масҷидравӣ манъ намекунад. Аммо бачаҳо пеш аз ҳама бояд илми замонавиро низ ба хубӣ аз худ кунанд, ки барои ҷомеа зарур аст.»
XS
SM
MD
LG