Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

35 миллион $-и ADB барои роҳҳои Тоҷикистон


Бино ба иттиллои намояндагии Бонки Осиёвии Рушд дар Тоҷикистон, дар назар аст, барои тармиму таъмири роҳи Душанбе - Нуробод - Тоҷикбод то марзи Қирғизистон ин бонк ба вазорати роҳи Тоҷикистон ҳудуди 35 миллион доллар қарзи боимтиёз диҳад. Тибқи иттилоъи намояндагии Бонки Осиёии Рушд танҳо барои марҳилаи дуввуми ин тарҳ 20 миллион доллар дода хоҳад шуд. Дар ҳоли ҳозир, татбиқи марҳилаи аввали ин барнома оғоз шудааст, ки барои роҳандозии комили он, Бонки Осиёии Рушд 15 миллион доллар тахсис додааст. Вазири роҳи Тоҷикистон Абдураҳим Ашӯров гуфт, ин шоҳроҳ аз лиҳози стратегӣ барои Тоҷикистон муҳим мебошад. Ба қавли оқои Ашӯров, марҳилаи дуввум дар соли 2008 ба поён расида марҳилаи баъдӣ оғоз мешавад. Вазири роҳи Тоҷикистон мегӯяд, бо анҷоми ин роҳ ҳаракати мунтазами васоили нақлия новобаста аз фаслҳои сол таъмин мешавад. Бо шурӯъи баҳрабардорӣ аз ин шоҳроҳ Тоҷикистон бидуни қаламрави Узбакистон ба кишварҳои ҳамсоя ва ҷаҳони берун мустақим робита пайдо мекунад. Дар ҳоли ҳозир, мақомоти Тошканд ҳаракати мошинҳои Тоҷикистон ҳатто тариқи тронзит аз қаламрави худро иҷоза намедиҳад.
Мирзонабии Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG