Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷоизаҳои ба номи Аълохон Афсаҳзод супурда шуд


Ҷоизаи мазбур соли дуввум аст, ки бо ибтикори сафорати Ирон дар Тоҷикистон барои рушди соҳаи тарҷумонӣ, пажӯҳиши илмӣ, таърихшиносӣ ва адабӣ ба уламои тоҷик эҳдо мешавад.

Дар соли 2005 барандаи ҷоизаи аввал, корманди Академияи Улум, Саиднуриддин Шаҳобуддинов барои тарҷума ва нашри осори шаш ҷилдаи китоби «Қонуни Тиб»- и Аллома Абӯалӣ ибни Сино гардид. Осори шашҷилдаи Сино, ки пас аз 1000 сол аз арабӣ ба забони модарии Ибни Сино баргардон шуд, таҳти сарпарастии Доиратулмаорифи Миллии ҶТ дар чопхонаи Академияи Улум нашр шудааст.

Ҷоизаи дуввум ва саввумро мутаносибан Низомиддин Зоҳидов, ноиби раиси Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд, барои асари «Адабиёти форсии тоҷикӣ дар асрҳои 8 ва 9» ва Қосимшоҳ Искандаров, барои китоби «Аҳзоб ва ҷунбишҳои сиёсии Афғонистон дар нимаи дуввуми асри 20» соҳиб шуданд.

Бо баргузории маросими додани ҷоизаҳо, Фарҳангистони Улуми кишвар аз 70- умин солгарди зодрӯзи устод Аълохон Афсаҳзод ҷашн гирифт. Дар ин чорабинӣ Носир Сармади Порсо - сафири Ирон дар Тоҷикистон гуфт, ки хидмати устод Афсаҳзод дар рушди фарҳанг ва адабиёти форсии тоҷикӣ назаррас буд ва осори гаронбаҳои ин марди ҳунар дар Ирон низ қадршиносӣ шудааст. Аълохон Афсаҳзод соҳиби 50 китоб ва беш аз 700 мақолаи илмӣ буда, ба иттилоъи Қурбон Восиев, мушовири раисҷумҳури Тоҷикистон «Устод дар улуми матншиносӣ ва пажӯҳиши чеҳраҳои адабӣ барои адабиёти клоссик саҳми арзанда доштааст».
XS
SM
MD
LG