Пайвандҳои дастрасӣ

Мактаби вижа барои журналистони ТВ


Зукоми мурғ - то чӣ андоза мо аз он эмин ҳастем, чаро наврасонро аз масҷидравӣ бозмедоранд, саг, ки газид, чӣ кор кунем, тимсоҳ ба боғи ҷонварони Тоҷикистон чӣ хел омад - ин ҳама мавзӯъоти гузоришҳои телевизионии журналистони ҷавоне ҳаст, ки дар ягон ҷо пахш нахоҳад шуд.

Ин гузоришҳои нахустин барномаи як гурӯҳи журналистони ҷавон мебошад, ки тӯли як моҳ дар як мактаби махсуси журналистӣ омӯзиш дидаанд ва ҳамакнун, рӯзи ҷумъаи 11 ноябр дар як чорабинии вижа дар шаҳри Душанбе муаррифии гузоришҳояшон баргузор мешавад.

Бино бар гуфтаи Шаҳло Акобирова, раҳбари лоиҳаи мактаби журналистӣ, вижагии ин мактаб дар таҳияи гузоришҳои зинда дар баробари дарсҳои назариявӣ будааст. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби САҲА дастгирӣ шудааст. Дар чаҳорчӯбаи ин лоиҳа, як гурӯҳи 12 нафараи журналистони навомӯз, ки қаблан таҷрибаи кор дар телевизионро умуман надоштаанд, тӯли як моҳ бо дарсҳои назариявӣ ва амалии журналистика фаро гирифта шуда буданд.
XS
SM
MD
LG