Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муштзанҳои тоҷик дар Чин


Дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки рӯзи шанбеи 12 ноябр дар шаҳри Маняни Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз мешавад, ширкат хоҳад кард. Абдурашид Муҳаммадҷонов, масъули Федератсияи бокси Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар Ҷаҳон Қурбонов, қаҳрамони имсолаи Осиё дар вазни 75 кило, барандаҳои медали биринҷии ин мусобиқот Маъруф Файзуллоев дар вазни 60 кило ва Константин Мокроусов дар вазни 81 кило дохиланд.

Ҳамчунин, Тоҷикистонро дар мусобиқоти ҷаҳонӣ Шералӣ Достиев дар вазни 48 кило, Анвар Юнусов дар вазни 51 кило, Меҳроҷ Умаров дар вазни 54 кило, Хуршед Ҷӯраев дар вазни 64 кило ва Мирҷамол Ғиёсов дар вазни 69 кило намояндагӣ мекунанд. Ба назари Абдурашид Муҳаммадҷонов дастаи Тоҷикистон имкон дорад, ки дар мусобиқоти Чин соҳиби як-ду медал шавад.

Вай афзуд, танҳо як намояндаи Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷаҳонӣ дар риштаи бокс медал ба даст овардааст. Абдусалом Ҳасанов, аз шаҳри Чкалови вилояти Суғд соли 2003 дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Бангкоки Тайланд дар рақобатҳо дар вазни 57 кило мақоми севумро касб карда, бо медали биринҷӣ сарфароз шудааст.
XS
SM
MD
LG