Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Садои Шарқ" ҳар моҳ баланд мешавад


Бӯҳрони иқтисодии солҳои навад ба ин танҳо маҷаллаи адабии Иттиҳодияи Адибони Тоҷикистон низ таъсири манфӣ гузошта буд ва тайи чанд соли охир ин маҷалла дар се моҳ танҳо як маротиба нашр мешуд. Аммо роҳандозии нашри дубораи маҷалла чӣ гуна муяссар шудааст.

Ҷонибеки Акобир, адиби маъруф ва сардабири Садои Шарқ: "Соле, ки ман ба ҳайси сардабир ба идораи маҷаллаи "Садои Шарқ" омадам, маҷалла аз фаъолият бозмонда буд. Ва мо бо кӯшишҳои зиёде чопи онро аз як шумора ба ду шумора расондем. Ва "Садои Шарқ" дар як сол то чаҳор шумора ба дасти хонандагони худ мерасид ва маҷалла ба фаслнома табдил ёфт.

Баъдтар мо ба ҳукумат муроҷиат кардем ва ба чанд дастгоҳҳои дигар, ки ин маҷалла, маҷаллаи содда нест, маҷаллаест, ки аз соли 1927 инҷониб чоп мешавад ва дар саргаҳи таъсис шудани вай устодон Садриддин Айнӣ ва Лоҳутӣ буданд, вале дар ҳеҷ куҷо ба дарди мо нахӯрданд ва хушбахтона ҳамин сол дар мулоқоти раиси ҷумҳур бо зиёиён мо муроҷиатамонро ба Эмомалӣ Раҳмонов кардем ва ӯ дар ҳамон ҷаласа дастур доданд, ки ба ин маҷалла мақоми маҷаллаи миллии адабии Тоҷикистон дода шавад.

Ва мо ҳуҷҷатҳои заруриро дуруст карда ба ҳукумат супурдем ва ҳукумат қарор баровард ва иншоолоҳ, ки аз соли нав маблағ ҳам ҷудо мешавад ва ҳар моҳ дар соли оянда ин маҷалла ба дасти хонандагонаш мерасад. Ҳамчунин мо обуна ҳам эълон кардаем. Феълан "Садои Шарқ" танҳо 1000 нусха чоп мешавад ва мо онро ба фурӯш намебарорем, чаро ки қимматаш гарон меафтад. Барои ҳамин касоне, ки хоҳиши хондани маҷаллаи "Садои Шарқ" доранд, метавонанд ба он обуна шаванд. Ҳазор нусха ҳам бад нест, чаро ки дар кишварҳои орому осуда, маҷаллаҳои адабиашон аз байн рафтанд."

"Садои Шарқ" аз қадим минбаре буд, ки хонандаро аз ҳама тозагиҳои адабиёти тоҷик огаҳ мекард ва беҳтарин шеъру румону достонҳои адибони тоҷик аввал аз ҳама дар саҳифаҳои ҳамин маҷалла ба табъ мерасиданд. Аммо ҳоло чӣ тозаҳое дар адабиёти тоҷик ва табъан дар портфели Садои Шарқ ҳаст:

"Як коре, ки дар ин маҷалла кардам, ин анъанаи интихоб кардан ва муҳокимаи асарҳоро, ки 70 сол боз дар маҷаллаи "Садои Шарқ" идома дошт, нигоҳ доштам. Ва ҳар гуна асари хом ва камарзиш дар ин маҷалла чоп намешавад. Дар ҳоле, ки мо чандон ҳаққи қалами дуруст ҳам надорем, ки ба муаллифон бидиҳем, вале бо вуҷуди он дар маҷалла асарҳои бисёр хуб чоп мешаванд. Инчунин ҳадафи асосии маҷалла ин аст, ки мо беҳтарин асарҳо ва навиштаҳо аз дигар кишварҳоро тарҷума кунем ва ба ин васила ҳамон пули кандашудаи фарҳангӣ ва хонанда ва адабиёти ҷаҳон пайванд диҳем.

Асарҳои хуб дар маҷалла бисёр чоп мешаванд, аз ҷумла мо ният дорем, дар соли нав романи нависанда Бароталӣ Абдураҳмонро бо номи "Куруши Кабир" чоп кунем ва романи Чингиз Айтматов "Қиёмат"-ро мо имсол дар се шумора ба табъ расондем. Ва ҳамчунин аз адабиёти ҳамзабонҳо бисёр асарҳои назмиву насрӣ чоп шуданд."


Ҷонибеки Акобир ҳамчунин гуфт, маҷаллаи Садои Шарқ ба муаррифии шоъирону адибони ҷавони тоҷик низ аҳамияти вижа медиҳад. Сардабири маҷалла аз ҷумла аз адиби ҷавон Муродалии Ҷаббор ва бонувони насрнавис Матлубаи Ёрмирзо, Ҳанифаи Муҳамадориф ва Гулнора ба ҳайси ғунчаҳои умеди адабиёти миллӣ ном гирифт ва гуфт, ки инҳо маҳз тавассути "Садои Шарқ" ба хонанда муаррифӣ шуданд.
XS
SM
MD
LG