Пайвандҳои дастрасӣ

Ифтитоҳи бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи дурдаст


Нахустин бунгоҳи тиббӣ дар ноҳияи Падроғи кӯҳистони Масчо ба фаъолият шурӯъ кард. Ин бунгоҳ бо ибтикори созмони ғайриҳукуматии "Нилуфар" ва пуштибонии молии Оҷонсии Рушди Байналмилалии Амрико бунёд гашта ва мавриди истифодаи мардум қарор гирифтааст.
Мирзоҳайдар Умаров сарвари созмони "Нилуфар" ба Радиои Озодӣ гуфт, аз хидмати ин бунгоҳи тиббӣ ҳамчунин сокинони ду деҳаи ҳамсоя истифода мекунанд. Ба қавли ӯ, дар ин бунгоҳи тиббии замонавӣ феълан 5 табиб дар се шӯъбаи муолиҷавии атфол, терапия ва гинекология фаъолият мекунанд ва ҳамарӯза қариб 50 нафар ниёзмандон ба табибон муроҷиат намуда, тавсия ва ё табобат мегиранд. Ба гуфтаи Мирзоҳайдар Умаров, дар бунгоҳи тиббӣ феълан танҳо кӯмаки аввалия расонида мешавад, вале созмони онҳо саъй дорад, то барои бунёди бемористони нав ҳимояти созмонҳои байналмилалӣ ва кӯмаки молии онҳоро ба даст оварад.
Шоҳини Равшан, Масчо
XS
SM
MD
LG