Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мухолифати вакили мардумӣ ба иқдоми Хадамоти муҳоҷирати Русия


Дар ҳоле, ки муҳоҷирони корӣ ва корфармоёни Русия аз иқдоми Хадамоти федералии муҳоҷиратии ин кишвар истиқбол кардаанд, Николай Курянович, узви кумитаи амнияти Думаи давлатӣ ва узви Ҳизби либерал-демократи Русия афви муҳоҷиронро қадами носанҷида ва барои ояндаи субот дар Русия хатарнок арзёбӣ кардааст.
Вай гуфтааст: "Чунин меҳисобам, ки афви муҳоҷирон як иқдоми носанҷидаест, ки Русияро дар кӯтоҳмуддат ба задухӯрди мусаллаҳонаи мардуми бумӣ бо мардуми ғайр мувоҷеҳ хоҳад кард."
Гузашта аз ин гуфтааст, намояндаи Думаи давлатии Русия, рафтуомади бидуни раводиди шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон бар Русияро таҳвин мешуморад, чаро ки марзи Тоҷикистон бо Афғонистон амалан вуҷуд надорад ва нирӯҳои марзбонии рус онро нигаҳбонӣ намекунад.
Курянович идома додааст: "Сиёсати муҳоҷиратии либералӣ ба нестшавии мардуми бумии Русия ва сукунати турку тоҷику чиноӣ ва дигар халқҳо дар ин сарзамин анҷом хоҳад ёфт."
Николай Курянович бори дуввум аст, ки эъломияи шабеҳ интишор мекунад. Вай рӯзи 7 ноябр дар робита ба азсаргирии рафтуомад байни Русия ва Тоҷикистон бо шиносномаи дохилӣ тайи як мактуби саркушода ба раиси ҷумҳури Русия, эълом кард, ки агар давлат қодир ба дифоъи шаҳрвандони худ аз муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва қочоқбарони маводи мухаддир аз кишварҳои шӯравии собиқи осиёӣ набошад, мардуми Русия бо ханҷару калтаки оҳанин бачаҳои худро аз онҳо хоҳанд кард. Мақомоти Русия ба баёнияҳои узви кумитаи амнияти Думаи давлатӣ ҳанӯз вокуниш нишон надодаанд.
Муҳаммадраҳими Сайдар, Маскав
XS
SM
MD
LG