Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби нав дар саҳнаи сиёсати Тоҷикистон


Бештари коршиносон ва таҳлилгарон бо ишора ба ин ки дар вазорати адлия тайи чаҳор - панҷ соли ахир ҳеҷ кадоме аз аҳзоби дигар - ҳизби тараққиёти Султон Қувватов, ҳизби кишоварзии Ҳикматулло Насриддинов ва ҳизби ваҳдати Ҳикматулло Сайидов натавонистаанд, сабти ном шаванд, бар ин назаранд, ки ҳизби ҷадиди ислоҳоти иқтисодӣ як ташаккули маснӯъии аз сӯи мақомоти давлатӣ созмон ёфта мебошад.

Олим Бобоев - раиси ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, ки раёсати Донишгоҳи нақлиёти вобастаи вазорати роҳи кишварро ба ӯҳда дорад, низ эътироф мекунад, муддаӣ ба ҳузури густарда дар саҳнаи сиёсӣ нест ва дар талоши рақобат бо ҳизби ҳокими халқӣ-демократии зери раҳбарии Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳурӣ намебошад. Ӯ танҳо ин ҳадафро дунбол мекардааст, ки дар бахши иқтисодии ҳукумат бархе аз аъзои донишманди ҳизбашро ворид карда ва бо ҳамин дар рушди сиёсати иқтисодии ҳукумат саҳм бигузорад.

«Мақсаду мароми мо ҳам ҳамин аст, ки ба ҳукумат ба ҳокимият ба вазоратҳое ки сиёсати иқтисодии ҷумҳуриро пеш мебаранд, кӯмак расонем, ҳамкорӣ кунем, кӯшиш кунем, ки онҳо бо муваффақият ва муфид фаъолият кунанд.»

Аммо намояндагони аҳзобе, ки то кунун дар саҳнаи сиёсии кишвар фаъолият пеш мебаранд, ташкил ва сабти расмии ин ҳизбро амали дасти тарроҳони сиёсати раисҷумҳурӣ арзёбӣ мекунанд. Ба пиндори онҳо, дар раванди баргузории ду маъракаи сиёсии ахир - яке, маъракаи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонуни асосӣ дар тобистони соли 2003 ва дуввумӣ, интихоботи парлумонии соли 2005, ҳизби ҳоким бидуни шарики сиёсӣ монда ва пирӯзии онро дар ин маъракаҳо мақомот дар маҳаллҳо таъмин кардааст. Шокирҷон Ҳакимов- муовини раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд:

«Дар шароити Тоҷикистон вақте ки ректор ё раиси донишгоҳ аз тарафи раиси ҷумҳур ба кор таъин ва аз кор озод мешавад, ҳеҷ гоҳ наметавонад, ки як ҳизби мустақил таъсис диҳад. Аз ин рӯ, ин ҳизб ҳизбест, ки технологҳои сиёсии президент Раҳмонов ба вуҷуд овардаанд».

Абдуғанӣ Мамадазимов - раиси анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон мегӯяд, дар баргузорӣ ва ташкили анҷумани муассисони ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ роҳбарони навоҳӣ ва вилоёт мусоидат кардаанд. Вай гуфт, дар интихоботи вакилони Маҷлиси Намояндагон бо ин вуҷуд, ки ҳизби ҳокими халқӣ демократӣ баранда эълом шуд, аммо зери як эътилоф даври ҳам омадани бақия аҳзоби дигари сиёсии кишвар аз лиҳози равонӣ миёни ҷомиаи кишвар ва низ дар сатҳи байналмилалӣ бар коҳиши нуфузи ҳукумат боис шуд. Аз ин рӯ, масъулин барои он ки чунин пешомади ногувор дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ низ такрор нашуда ва ҳизби ҳоким ҳамроҳи шарики сиёсӣ вориди рақобати интихоботӣ шавад, даст ба ташкили аҳзоби маснӯъӣ мебаранд.

«Дар интихоботи гузашта ҳизбҳои дигар коалитсия ташкил карда буданд. Аз ин коалисия фақат ҳизби ҳоким, ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ҷудо монда буд. Чун инро таҳлил карданд ба чунин натиҷа расиданд, ки дар оянда ҳизби ҳоким набояд дар интихоботҳо танҳо ва ҷудо бошад, балки роҳбарияти ягон коалисияро ба ӯҳда дошта бошад. Дар ташкил кардани ин ҳизб ман медонам, ки ҳукуматҳои маҳаллӣ кӯмак кардаанд, аз ҷумла, барои сафарбар кардани иштирокдорони ҷаласаи муассисони ин ҳизб. Барои ҳамин фикри он ки ҳизби ҳоким ниёз ба шарики сиёсӣ надорад на он қадар дуруст аст.»

Ин дар ҳолест, ки Давлаталӣ Давлатов- муовини раиси ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон мегӯяд, дар ташкили ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ мақомот даст надорад ва аз сӯи дигар, ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ниёз ба шарики нави сиёсӣ надорад.

«Мо ба ягон хел ҳизбҳои кисагӣ имрӯз ниёз надорем. Аз ҷониби дигар, роҳбарияти ҲХДТ борҳо изҳор карда буд, ки мо имрӯз бо роҳи бунёди ҷомиаи демократӣ рафта истодаем , дар бораи ин ки гӯё ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон танҳо мемонда бошад ё ки ягон заъифие нишон медода бошад, ин гапҳои комилан нодуруст, ботил ҳастанд»

Иҷозаи расмии ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки ба таъйиди масъулини аҳзоби сиёсии дигар фаъолияти онҳо аз сӯи вазорати адлия дар ҳоли омӯзиш қарор дорад. Намояндагони бархе аз аҳзоби сиёсӣ эҳтимоли манъи фаъолияти ташаккули худ то интихоботи қарибулвуқӯи раёсати ҷумҳуриро аз сӯи мақомот баъид намедонанд. Ба эътиқоди онҳо, яке дигар аз аҳдофи ташкили аҳзоби ҷадиди сунъӣ дар арафаи маъракаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пешниҳоди як номзади рақиб дар баробари номзад аз ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ аст, ки бо ҳамин васила мехоҳанд, эътимоди ҷомиаи байналмилалиро дар роҳандозии як интихоботи алтернативӣ ҳосил кунанд.
XS
SM
MD
LG