Пайвандҳои дастрасӣ

Душанбе - Маскав. Акнун, ду бор дар як ҳафта


Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфт, аз ин пас қатораи мусофирбари самти Душанбе - Маскав дар як ҳафта ду маротиба ба роҳ хоҳад баромад. Пас аз тавқифи панҷсола, ҳаракати қатораи Душанбе - Маскав як моҳи қабл ба роҳ монда шуда буд ва ҳамакнун, дар пайи як тавофуқи мақомоти роҳи оҳани тоҷику рус, шурӯъ аз бистуми ноябр қатораи хати сайри Душанбе - Маскав дар як ҳафта ду маротиба, дар рӯзҳои сешанбе ва якшанбе аз пойтахти Тоҷикистон ба роҳ мебарояд. Рӯзи даҳуми ноябр дуввумин қатора аз Душанбе ба Маскав равон шуд. Арзиши чиптаҳои қатораи сайрхати Душанбе - Маскав аз 310 сомонӣ то ба 400 сомонӣ аст.
Бино бар гуфтаи Сафаралӣ Тайфуров, масъули корхонаи воҳиди мусофирбарии Роҳи Оҳани Тоҷикистон, акнун аз Тоҷикистон ба Русия тариқи панҷ хати сайр қатораҳо ҳаракат мекунад. Ҳафтае ду бор аз Душанбе ба Маскав ва Аштархон, дар як ҳафта ду бор аз Кӯлоб ба Аштархон ва як маротиба аз Хуҷанд ба Саратов.
Ҳумоюни Шаҳриёр
XS
SM
MD
LG