Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Варзиши тоҷик дар Амрико ва Қазоқистон


Вазнбардорони тоҷик дар Амрико

Толеъ Холназаров, собиқ қаҳрамони ҷаҳон ва Осиё Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба пауэрлифтинг ё сеҳарбаи қудратӣ, ки 10-11 ноябр дар шаҳри Майамаи штати Флоридаи ИМА баргузор мешавад, намояндагӣ мекунад. Вай дар рақобатҳо дар вазни 90 кило ширкат меварзад. Бино ба иттилои Эраҷ Одинаев, масъули Федератсияи бодибилдинг ва пауэрлифтинги Тоҷикистон дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ, ҳамчунин боз як вазнбардори тоҷик - Тоҳир Абдуқаюмов дар вазни 75 кило рақобат менамояд.

Гуштигирони тоҷик дар Қазоқистон

Паҳлавонони тоҷик Далер Музофиров (дар вазни 62 кило) , Салоҳиддин Ғайратов (68 кг), Фурқат Раминшоев (74 кг) , Фаридун Устопиров (82 кг) ва Парвиз Собиров (90 кг) шарафи Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии самбо, ки аз 11 то 14 ноябр дар пойтахти Қазоқистон - шаҳри Остона барпо мешавад, ҳимоя хоҳанд кард. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Маҳмуди Абдулло, дабири кули Федератсияи гуштии самбои Тоҷикистон хабар дод.Вай афзуд, гуштигирони тоҷик ба ин мусобиқот таҳти раҳбарии Муҳаммадшариф Сулаймонов, сармураббии дастаи мунтахаби самбои ин кишвар омодагӣ гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG