Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон - пешсаф


Мунтахаби Тоҷикистон дар бозии даври дуввуми мусобиқот рӯзи чоршанбеи 9 ноябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бар тими миллии Афғонистон бо натиҷаи 4 бар 0 пирӯзӣ ба даст овард. Нӯъмон Ҳакимов ду гол, Хуршед Маҳмудов ва Алиёр Ашӯрмуҳаммадов якголӣ заданд.

Дар бозии дигари даври дуввум, ки дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа сурат гирифт, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бар тими «Амбассадор»-и Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо натиҷаи 2 бар 1 зафар ёфт. Голҳоро Аскар Равшанов ва Раҳмоналӣ Баротов аз дастаи Тоҷикистон, Ҷон Девид Лонг аз тими «Амбассадор» ба ҳадаф расонданд.

Ба ин тартиб, тими миллии Тоҷикистон бо шаш имтиёз дар ҷои аввал, дастаи мунтахаби ҷавонони ин кишвар бо чаҳор имтиёз дар ҷои дуввум ва тими Афғонистон бо як имтиёз дар ҷои севвум қарор доранд.

Муҳаммаддовуди Панҷшерӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон зимни баргузории зиёфати Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои ширкаткунандагони Ҷоми «Дӯстӣ» гуфт, мо бисёр хушҳол ҳастем, ки тимҳои футболи кишварҳои мухталиф дар ин мусобиқот ширкат доранд. Ҷаноби сафир афзуд, ин мусобиқот бори дигар собит намуд, ки варзиш сафири сулҳ аст.

Мусобиқоти байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми «Дӯстӣ» рӯзи ҷумъаи 11 ноябр ба анҷом мерасад.
XS
SM
MD
LG