Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркишҳо дар меҳмонсароҳои Урдун


Бар асари 3 таркиш дар меҳмонсароҳои пойтахти Урдун- шаҳри Аммон беш аз 50 нафар ба ҳалокат расиданд. Инфиҷорҳо шаби чоршанбе дар меҳмонсароҳои "Гранд Ҳайат", "Радисон САС" ва "Дейз Инн" дар фосилаи чанд дақиқа ба амал омаданд. Муовини сарвазири Урдун Марвон Муошир гуфт, ки дар натиҷаи таркишҳо камаш 57 нафар кушта ва беш аз 100 каси дигар захм бардоштаанд. Меҳмонсароҳои ёдшуда дар байни хориҷиён маъруф бошанд ҳам, аксари қурбониҳо шарҳвандони Урдун ҳастанд.
Таркиш дар меҳмонсарои "Радисон САС" дар ҷараёни тӯи арӯсӣ дар ҳузури 300 меҳмон ба вуқӯъ пайваст. Сабаби таркишҳо маълум нест, вале полис тахмин мекунад, ки масъулияти инфиҷорҳо бар дӯши бомбгузорони маргталаб аст. Полис дар назди биноҳои сафоратҳо ва меҳмонсароҳои шаҳри Аммон камари амниятӣ барпо намуд.
Телевизионҳои арабзабон иттилоъ медиҳанд, ки Урдун марзҳояш бо кишварҳои хориҷиро масдуд кард. Шоҳи Урдун Малик Абдуллоҳ таркишҳоро "амали террористӣ" номидааст. Дар Вашингтон президенти ИМА Ҷорҷ Буш таркишҳоро маҳкум карда, афзуд, ки кишвараш ҳозир аст, дар тафтиш ёрӣ расонад. Дабири Кулли СММ Кофӣ Аннан ҳам таркишҳоро маҳкум намуд ва сафар ба Аммонро, ки мебоист имрӯз доир шавад, лағв кард.
XS
SM
MD
LG