Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сӯҳбати гарми мудири Бонки Осиёии Рушд бо донишҷӯёни тоҷик


Ҳаруҳико Курода, мудири Бонки Осиёии Рушд бо донишҷӯён ва устодону олимони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон мулоқот доир карда ва дар мавзӯъи «Тоҷикистон дар роҳи бунёди ояндаи равшан» сӯҳбат дошт. Ҳаруҳико Курода аз соли 2004 раҳбарии Бонки Осиёии Рушдро ба ӯҳда дошта, қаблан дар ҳукумати Ҷопон ба унвони мушовири дастгоҳи ҳукумат ифои вазифа мекардааст. Ҳуроҳико Курода мегӯяд, баланд бардоштани донишу малака ва ҷаҳонбинии ҷавонон афзун гардонидани захираи зеҳнӣ ба ҳисоб меравад, ки омили асосии рушди иқтисод дониста мешавад. Ҳаруҳико Курода бо мақсади рушди донишу малакаи онҳо аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки аз барномаҳои Бонки Осиёии Рушд бархӯрдор шаванд: «Мо ба шумо барномаҳои гуногуни кӯмакпулиро пешниҳод мекунем, ки ҳукумати Ҷопон ва Бонки Осиёии Рушд маблағгузорӣ мекунад. Ва донишҷӯёне, ки аз ин гуна грантҳо бархӯрдор мешаванд, имкони идомаи таҳсилро дар риштаҳои улуми иқтисод, идорӣ ва фановариҳои муосир дар 20 донишгоҳи академии 10 кишвари ҷаҳон пайдо хоҳанд кард. Ҳамчунин мо ба нашри таҳқиқот ва ҳисоботи гуногун дар мавзӯъи рушди кишварҳои минтақаи уқёнуси Ором ва аъзои Бонки Осиёии Рушд машгул ҳастем.»

Оқои Курода мегӯяд, Тоҷикистон аз соли 1998 узви Бонки Осиёӣ буда, то ин дам бонки мазкур барномаҳои мухталифи марбут ба рушди соҳаи энерҷӣ, коҳиши фақр, рушди иқтисод, саноат, соҳаи маориф, тандурустӣ ва соҳаи кишоварзиро дар ин кишвар ба маблағи 300 миллион доллар маблағгузорӣ кардааст: «Тоҷикистонро иҷрои вазифаҳои муҳим дар пеш аст, чун мо дар чанд соли оянда ташаббусҳои ин давлатро дар роҳи баланд бардоштани истеҳсолоти соҳаи кишварзӣ, ислоҳоти соҳаи маориф, сохтмони роҳҳо ва бахши энерҷию дигар барномаҳое, ки ба баланд бардоштани иқтисодиёт мусоидат мекунад, маблағгузорӣ хоҳем кард.»

Ҳамчунин Тоҷикистон узви созмони байналмилалии рушди иқтисоди Осиёи Марказӣ мебошад, ки дар доираи барномаҳои ин созмон эҳёи Шоҳроҳи Абрешим, дигар роҳҳои байнисарҳадӣ ва ташкили бозорҳои байнидавлатӣ дастгирӣ меёбанд. Ҳаруҳико Курода меафзояд, ҳамкориҳои минтақавӣ ягона роҳи баланд бардоштани иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Раиси Бонки Осиёӣ ба донишҷӯён гуфт: «Зарурати ҳамкори миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ дар он аст, ки аксари ин кишварҳо аз бозорҳои ҷаҳонӣ дар масофаи дур қарор доранд. Дар хушкӣ ба сар мебаранд ва аз роҳи кушодаи баҳрҳо маҳруманд. Вақте ки роҳҳои кушода мешаванд, теъдоди истеҳсоли мол ва интиқоли он ба кишварҳои дигар низ меафзояд, ки боиси рушди иқтисод ва зиндагии мардум мегардад.» Ба андешаи Ҳаруҳико Курода, мавқеъи ҷуғрофии Тоҷикистон танҳо имкон медиҳад, ки ин кишвар бо истифода аз захираи об, истеҳсоли энерҷӣ ва пахта иқтисоди худро рушд бидиҳад.

Дар ҷараёни мулоқоти худ Ҳаруҳико Курода бо донишҷӯён сӯҳбати озод доир намуд ва ба суолҳои онҳо посух дод. Донишҷӯён хоҳиши онро намуданд, ки Бонки Осиёии Рушд имкони таҷроибаомӯзиро дар дафтарҳои ин бонк барои онҳо фароҳам биоварад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG