Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таваҷҷӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ба Сангтӯда-1


Ҷалби сармояи Бонки Ҷаҳонӣ дар сохтмони нирӯгоҳи Сангтӯда- 1 дар мулоқоти Шигео Катсу, ноиби президент ва Денис де Трей - мудири минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ бо Эмомалӣ Раҳмонов - раисҷумҳури Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Шигео Катсу - ноиби президенти Бонки Ҷаҳонӣ баъд аз мулоқоти беш аз дуввунимсоата бо раиси ҷумҳур гуфт, ки намояндагони ин ниҳоди молӣ якҷо бо сармоягузорони асосӣ, созмонҳои молии байналмилалӣ ва муҷтамаи воҳиди шабакаҳои барқи Русия маъруф ба РАО ЕЭС Русия дар Маскав дар поёни октябри соли ҷорӣ тарҳҳои мухталифи бунёди иншооти мазкурро муҳокима карданд. Вай гуфт, ки дар марҳалаи кунунӣ масъалаи тахсиси маблағи мушаххас матраҳ намешавад. Зеро ин як тарҳи хеле бузург аст, ки ба ҳангоми баррасии он ҳисса ва манофеи ҳама сармоягузорон ва саҳҳомон бояд ба таври дақиқ муайян шавад. Оқои Катсу гуфт, наҳваи интиқоли барқ ба берун ва мушаххас кардани бозори фурӯш ва харидорони асосӣ аз нукоти асосии ин тарҳ хоҳад буд, ки қабл аз иҷрогузорӣ бояд рӯшан шавад. Ба таъбири оқои Катсу, ҳузури Бонки Ҷаҳонӣ имкон дорад, ба унвони мушовири ҳамоҳангсоз дар ин замина барои ҳамаи ҷавониби зидахл боаҳамият бошад. Дар навбати худ Денис де Трей -мудири минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки масъалаи ширкати ин ниҳоди молӣ дар эҳдоси нирӯгоҳи Сангтӯдаро дар Маскав бо Анатолий Чубайс -раиси ширкати РАО ЕЭСи Русия матраҳ кардааст, мегӯяд, анҷоми ин корҳо маблағи муайян мехоҳад. Ва аммо ӯ мегӯяд, масъалаи ҷудо кардани маблағ аз сӯи Бонки Ҷаҳонӣ дар ин замина то ба охир ҳаллу фасл нашуда ва дар ҳоли ҳозир мавриди омӯзиш қарор дорад. Тибқи тавофуқи ҳосилшуда миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Русия дар тирамоҳи соли гузашта ширкати РАО ЕЭСи ин кишвар бо ихтисоси бештар аз панҷсад миллион доллари амрикоӣ эҳдоси нирӯгоҳи Сангтӯда -1-ро дар ҷануби Тоҷикистон ба ӯҳда гирифтааст. Ҳоло ин ширкат мехоҳад, ҷиҳати анҷоми ин тарҳ аз сармояи ниҳодҳои молии байналмилалӣ низ истифода кунад. Тоҷикистон аз соли 1991 ба узвияти Бонки Ҷаҳонӣ пазируфта шуда ва то кунун барои татбиқи бештар аз бист лоиҳа аз сӯи ин муассисаи молӣ маблағ дарёфт кардааст.
Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG