Пайвандҳои дастрасӣ

Чеҳраи ҳафта: Ҳиҷоб ва мактаб


Манъи ҳузури боҳиҷоби духтарон дар муассисаҳои таълимӣ ва ба масҷид рафтани ҷавонони синни то 16-сола аз сӯи мақомоти Тоҷикистон вокунишҳои мухталифро ба бор овардааст. Ахиран вазорати маориф гуфт, бо ҳиҷоб равонаи мактаб шудан барои духтарони донишомӯз хилофи қавонини кишвар аст ва ҳамчунин ҷавонон низ бояд қабл аз ҳама ба мактаб бираванд, на ба масҷид. Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон дар сӯҳбати мизи гирди Радиои Озодӣ то як андоза эътироф кард, ки дар пайи эъломи ин тасмими вазорати маориф дар воқеъ вокунишҳои муқобил бештар будаааст ва ҳамакнун сару садоҳое низ ба миён омадааст, ки гӯё вазорати маориф ҳатто ба пӯшидани сару либоси миллӣ дар муассисоти таълимӣ ҳам зид бошад: "Мо либоси намунавии мактабӣ ҷорӣ кардаем, лекин имрӯз вазъи иқтисодии мардум имкон намедиҳад, ки ҳама ин чизро харидорӣ кунанд. Аммо пеши роҳи либоси тозаву шинам ва тоҷикиро ҳеҷ кас нагирифтааст, ва ё агар касе рӯймоли тоҷикӣ мебандад, касе нагуфтааст, ки не, хоҳар, рӯймолатро бигиру сари луч рав ба мактаб. Ҳадаф як чиз аст - зоҳирпарастии мардуми мо."

Аммо бархе аз донишҷӯёни макотиби олии шаҳри Душанбе мегӯянд, раҳбарияти донишгоҳҳо ҳатто дар пӯшидани либосҳои миллии тоҷикӣ низ баъзан муҳассилинро накӯҳиш мекунанд. Як донишҷӯе, ки се сол дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон таҳсил кардааст, мегӯяд, ахиран бар асари пӯшидани рӯсарию ҳиҷоб ӯ аз идомаи таҳсил дар ин донишгоҳ маҳрум шудааст: "Дар соли аввали таҳсил касе ба ман чизе намегуфт, вале вақте ки курси дуввум шудам, бархе аз муаллимон дар ҳар дарс маро хезонда, ҷанг мекарданд, ки ин ҷо мадраса нест, рӯймол набанд. Дар соли дуввуми таҳсил як профессор маро, ки рӯймол доштам, аз байни 2000 донишҷӯ хезонд ва бо алфози қабеҳ барои рӯймол пӯшиданам дашном дод. Барои чӣ ба мо рӯймол бастан мумкин нест, дар ҳоле ки бархе духтарон бо либоси нимабараҳна ба дарс меоянду касе чизе намегӯяд? Ман завқи хондан доштам, мехостам хонам, аммо азбаски пӯшидани рӯймолро ба мо манъ карданд, аз донишгоҳ рафтам."

Баъд аз манъи ҳузури боҳиҷоб дар мактаб аз сӯи вазорати маориф, кумитаи умури дини Тоҷикистон низ аз намозгузории наврасони то синни 16-сола дар масоҷид ҷилавгирӣ кард. Коршиносон ва намояндагони созмонҳои динии кишвар чунин иқдомоти мақомотро як навъи фишороварии ҳукумат ба мухолифин арзёбӣ карданд. Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо пахши як баёния гуфт, дар паси ин тасмимгириҳои мақомоти кишвар нафарони алоҳида истода, мехоҳанд манофеъи сиёсии худро матраҳ намоянд. Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, раиси дастгоҳи ин ҳизб: "Шӯрои сиёсии ҲНИТ диққати раҳбарияти кишварро ба ин гуна мавқеъгириҳо, ки метавонанд вокунишҳои манфиро ба вуҷуд биоранд, ҷалб намуда, мутмаъин ҳаст, ки онҳо нигоҳи шахсӣ ё гурӯҳии доираҳои муайян мебошанд, на сиёсати ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон."

Ва аммо Муродулло Давлатов, раиси Кумитаи дин ин тасмими мақомотро ба таври дигар шарҳ медиҳад: "Ман фикр намекунам, ки аз ягон ҷониб дастури махсуси сиёсӣ шуда бошад, аммо дар бисёри ҳолатҳо, махсусан вақте ки дар айни дарси макотиб қисме аз кӯдакон рафта дар масоҷид, дар намозҷойҳо машғули ибодат мешаванд, ин ба қонунгузорӣ мутобиқат намекунад. Дар чунин ҳолатҳо, албата, ба танзим дароварда мешавад аз ҷониби давлат, ва агар давлат дар чунин маворид дахолат кунад, ин дар чаҳорчӯби қонун аст ва фикр мекунам, ки давлат ҳаққ дорад ва вазифадор ҳам ҳаст, ки дахолат кунад."

Ин ҳафта мавзӯи рақами аввали нашрияҳои Тоҷикистон низ манъи пӯшиши ҳиҷоб дар муассисаҳои таълимӣ ва намозгузории ҷавонон дар масоҷиди ҷомеъ буд. Аксари ҷаридаҳо бо интиқод аз тасмимгириҳои мақомоти кишвар навиштаанд, бо ин гуна иқдомот намешавад маорифро инкишоф ва сатҳи саводнокии ҷавононро боло бурд, балки ҳатто мумкин аст теъдоди зиёди ҷавондухтарони ҳиҷобпӯш дигар аз таҳсил даст кашанд. Мавлуда Султонзодаи Абдулло, рӯзноманигор ва таҳлилгари масоили иҷтимоӣ мегӯяд, вазорати маориф бо ин қабил иқдомоташ сиёсати ҳукумати Тоҷикистонро зери шубҳа қарор медиҳад. Ҳамзамон уламои дин манъ кардани намозгузории ҷавонони то 16-сола дар масҷид ва ҳузури боҳиҷоби духтарон дар макотибро хилофи қонуни ислом ва қонунгузории Тоҷикистон арзёбӣ намуда ва иҷроиши онро ғайримумкин меҳисобанд.
XS
SM
MD
LG