Пайвандҳои дастрасӣ

Меҳмонхонаи панҷситорадор дар Душанбе


Ҳумоюн Нашрияҳои чопи Душанбе дар ин ҳафта матолиби зиёди иқтисодӣ дар мавзӯъоти мухталифе ба табъ расонидаанд.

«Азия - Плюс» бо раҳбари дафтари ширкати «РусАЛ» дар Тоҷикистон, Константин Загребелний мусоҳиб шудааст. Раҳбари дафтари «РусАЛ» дар Тоҷикистон гуфтааст, ин ширкат бо аҳдофи ҷиддие вориди Тоҷикистон гардидааст. Ӯ гуфтааст, умедвори ҳамкориҳои амиқ бо корхонаи алюминиюми тоҷик мебошад ва агар ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди хусусигардонии корхонаи алюминиюм тасмиме бигирад, «РусАЛ» дар ин иқдом ширкат хоҳад варзид. Ҷаноби Загребелний ҳамчунин аз бунёди корхонаи нави алюминиюм дар Тоҷикистон ёдовар шуда гуфтааст, барои ин корхона 750 миллион $ тахсис шудааст. Дар мавриди баҳсҳое атрофи сарбанди нерӯгоҳи Роғун, ҷаноби Загребелний гуфтааст, қабули пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон ва бунёди сарбанди хокӣ масрафи маболиғ ва вақти бештаре мехоҳад ва агар Тоҷикистон дар ин самт таҷдиди назар нанамояд, пас дар соли ҳолӣ бунёди ин ба истилоҳ иншооти асри Тоҷикистон оғоз нахоҳад ёфт.

Дар як навиштаи дигари ин ҳафтанома зарурати қабули барномаи давлатии рушди истихроҷи гази табиӣ таъкид шудааст. Каримҷон Аҳмадов, коршиноси умури иқтисодӣ ва мусоҳиби «Азия - Плюс» гуфтааст, бо назардошти қимати рӯзафзуни нафт, Тоҷикистон ба бӯҳрони ҷиддии сӯзишворӣ ва болоравии мизони фақр мувоҷеҳ хоҳад шуд. Барои ҷилавгирӣ аз он, ба андешаи ҷаноби Аҳмадов, истихроҷи васеъи гази табиӣ дар кишвар бояд ба роҳ монда шавад. Мусоҳиби ҳафтанома иқтисоддонҳои ниҳодҳои давлатии Тоҷикистонро шадидан зери тозиёнаи интиқод гирифта гуфтааст, дар кишвар ба вазъи иқтисодӣ ба тарзи касбӣ баҳо дода намешавад, фикрҳои нав ва муассир пешниҳод намешавад.

Ва чанд хабари кӯтоҳ аз нашрияҳои маҳаллӣ. Нархи ангишт дар кишвар афзуда ва ба 75 - 80 сомонӣ барои як тонна расидааст. Дар 9 моҳи соли ҳолӣ дар Тоҷикистон 70.000 тонна ангиштсанг истеҳсол шудааст. Як ширкати иронӣ дар Душанбе як маҷмаае барои намоишгоҳи байналмилалӣ бунёд менамояд. Мувофиқи созишномае, ки имзо шудааст, барои бунёди ин маҷмаа беш аз 3 миллион доллар масраф хоҳад шуд.
Як ширкати русӣ айни ҳол дар болои тазйини як меҳмонхонаи панҷситорадор дар Душанбе кор карда истода будааст. Барои бунёди ин ҳотел 70 млн $ масраф мешудааст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG