Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабти номи як ҳизби нав дар Тоҷикистон


Вазорати адлияи Тоҷикистон ҳизби нави сиёсӣ, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистонро расман сабти ном кард. Сумангул Тағоева - сардори раёсати бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсии Вазорати адлияи Тоҷикистон бо таъйиди ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, ҳамаи асноди ҳизби ҷадид ба талаботи қонунҳои кишвар ҷавобгӯ мебошад. Сумангул Тағоева гуфт, ахиран, ду ҳизби ҷадид, ҳизби аграрӣ ва ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ асноди худро ба вазорати адлия пешниҳод карда буд. Бо сабти номи ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ шумори аҳзоби расмӣ дар Тоҷикистон ба ҳафт расид.
Дар ҳамин ҳол, Олим Бобоев, раиси ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, акнун ин ҳизб имкон пайдо намуд, ки бар асоси қавонини ҷорӣ дар роҳи коҳиши додани мизони фақр, танзими дурусти хусусигардонӣ ва ҷалби бештари сармоя ба иқтисоди Тоҷикистон талош кунад. Ҷаноби Бобоев мегӯяд, аксари аҳолии кишвар бояд соҳиби моликияти ғайриманқул бошад, зеро ба қавли вай, ҳар қадар дороии аҳолӣ бештар шавад, ҳукумат низ барои таҳкими барномаҳои ҷамъиятӣ имконоти васеъ пайдо мекунад. Ба гуфтаи ҷаноби Бобоев, ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ айни замон беш аз ҳазор нафар аъзо дорад.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG