Пайвандҳои дастрасӣ

Коҳиши шумори ҷиноятҳои вазнин дар Суғд


Сарвари идораи умури дохилаи Суғд генерал - майор Алиҷон Раҳимҷонов рӯзи 8-уми ноябр ба хабарнигорон гуфт, дар давоми даҳ моҳи соли равон дар шимоли Тоҷикистон беш аз 3150 ҷиноят содир шудааст, ки теъдоди он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 500 адад зиёд мебошад. Вале ба гуфтаи генерал - майор Раҳимҷонов, имсол ҷиноятҳои вазнини қатлу куштор ва сӯиқасд бар ҷони одам, аз ҷумла бо силоҳи оташфишон назар ба соли гузашта камтар содир шудааст. Чунин ҷиноёт соли гузашта 48 ва соли равон 39 маротиба дар вилояти Суғд ба қайд гирифта шудааст.
Сарвари идораи умури дохилаи Суғд дар посух ба пурсиши хабарнигорон дар бораи фаъолияти ҳизби пинҳонкори Таҳрир дар шимоли Тоҷикистон гуфт, ки дар даҳ моҳи гузашта 52 узв ва пешвои ин ҳаракат бо садҳо адад адабиёту варақаҳои мазҳабии тундгароёна ва зиддидавлатӣ ошкор ва боздошт шудаанд. Генерал Раҳимҷонов ба саволи Радиои Озодӣ, ки чаро имсол шаҳрвандони Узбакистон дар қаламрави Суғд ба сабаби риоя накардани шароити убур ва будубош бештар мавриди боздошт қарор мегиранд, дар ҳоле ки солҳои пеш ин ҳолат дар аксари маврид нодида гирифта мешуд, чунин ҷавоб дод: «Имсол назорати убуру мурури шаҳрвандони кишварҳои дигар ба қаламрави Суғд шадидтар карда шудааст. Вале ин на танҳо ба шаҳрвандони Узбакистон дахл дорад, балки ба шаҳрвандони Русия ва кишварҳои дигар низ чунин шароити сабти ном ҷорӣ аст. Барои ҳамин моҳҳои гузашта дар Конибодом 9 шаҳрванди Узбакистон, баъдан дар ноҳияи Зафаробод низ чанд тани дигар барои бе виза ворид шудан ба қаламрави Тоҷикистон боздошт шуда ва нисбати онҳо парвандаҳои ҷиноӣ ифтитоҳ карда шуд.»
Аммо вай дар мавриди ин ки ба чӣ сабаб сокинони Суғд ба дархости худ барои гирифтани даъватнома ба шаҳрвандони Узбакистон ахиран дар аксари маворид аз шӯъбаи сабти ном ва визадиҳии идораи умури дохилаи вилоят ҷавоби рад мегиранд, гуфт, дархости сокинон на бо тасмими мақомоти умури дохила, балки бо тақозои вазорати корҳои хориҷӣ рад карда мешавад.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG