Пайвандҳои дастрасӣ

Бензин боз қиммат шуд


Нархи як литр бензин дар Душанбе аз 2 сомонию 30 дирам якбора ба 2 сомонию 80 дирам - 3 сомонӣ боло рафтааст. Дар шаҳри Душанбе бархе аз нуқтаҳои бензишфурӯшӣ бинобар камбуди сӯзишворӣ ва гаронии нархи он дарҳои худро бастааст. Болоравии нархи бензин ҳамчунин дар минтақаҳои дигари Тоҷикистон низ ба чашм мерасад. Дар ҳоли ҳозир, қиммати як литр бензин дар шаҳри Ваҳдат - 2 сомонию 80 дирам, дар Қӯрғонтеппа ва Хуҷанд 3 сомонӣ ва дар ноҳияи Ҷомӣ 3,50 сомониро ташкил медиҳад. Тақрибан як моҳ қабл нархи бензин, ки 1 сомонию 80 дирам арзиш дошт, якбора ба 2,50 сомонӣ- 2 сомонию 80 дирам расида буд. Зимнан нарху навои маҳсулоти хӯрока низ то 10 фисад боло рафт. Ҳамакнун коршиносон мегӯянд, нархи баланди бензин дар Тоҷикистон то ахири соли равон бетағйир боқӣ хоҳад монд.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG