Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши тадриҷии қиммати сӯзишворӣ дар Хуҷанд


Нархи бензин дар вилояти Суғд дар давоми якуним моҳи ахир тақрибан ду маротиба боло рафтааст ва феълан нуқтаҳои бензинфурӯшии вилоят як литр бензинро ба ду сомониву сӣ дирам то 3 сомонӣ баробар ба доллари амрикоӣ мефурӯшанд.
Дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилоят арзиши бензин 2 сомониву 80 дирам, дар Истаравшан 2, 30, дар навоҳии дурдаст, ба мисли Айниву Ашт 3 сомонӣ аст. Тоҷирон ва масъулин болоравии нархи бензинро вобаста ба манъи муваққати фурӯши ин сӯзишворӣ аз сӯи Қазоқистон ва ҳафтод дар сад боло рафтани арзиши бензин дар Узбакистон - ду кишвари содиркунандаи аслии сӯзишвории нақлиётӣ ба Тоҷикистон вобаста медонанд.
Домуллоҷон Ҷабборов - муовини раиси ҳукумати Суғд: «Дар тамоми ҷаҳон нархи маводи сӯхт баланд шуда истодааст. Албатта, ин таъсири худро ба ҳама ҷо мерасонад.»
Ҳукумати Суғд ба хотири поён бурдан ва танзими нархи бензин дар қаламрави вилоят як комиссияи вижа таъсис додааст, вале фаъолияти якмоҳаи ин комиссия натиҷаи чашмрасе ба бор наовардааст.
Масъулини устондорӣ дар пайи болоравии арзиши бензин мегӯянд, ин ҳолат эҳтимоли пешомади бӯҳрони маводи сӯхти нақлиётиро дар вилояти Суғд ба думбол нахоҳад дошт, зеро беш аз ҳаштоду панҷ дар сади нақлиёти вилоят ба сифати сӯзишворӣ аз гази табиӣ истифода мекунанд. Ва нархи гази табиӣ аз бензин ҳашт-даҳ маротиба поин аст.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG