Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Форуми мусулмонони Русия


Анҷумани мусулмонони Русия, ки ду рӯз дар шаҳри Нижний Новгороди ин кишвар идома кард, ба таъсиси Шӯрои уламои сартосарӣ даъват намуд ва гуфт, чунин шӯро метавонад ба таҳкими арзишҳои исломӣ ва муқовимат ба терроризм мусоидат кунад. Дар изҳороти анҷуман гуфта мешавад, чунин ниҳод метавонад ба фаъолиятҳои илмӣ ва маърифатии сарони исломӣ дар Русия кӯмак расонад. Вакили Думаи давлатии Русия Шамил Султонов, ки дар анҷуман ширкат дошт, гуфт, ташкили шӯро ба ваҳдати мусулмонони Русия замина хоҳад гузошт. Дар анҷуман ҳамчунин масъалаҳои таҳкими ҷомеъаҳои мусулмони Русия, муқовимат ба тундгароӣ ва иштироки густардаи созмонҳои мусулмонони Русия дар мубориза бо терроризм баррасӣ шуданд.
XS
SM
MD
LG