Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Инсон ва инсоф


Cалими Аюбзод Ассалому алейкум, ҳамнафасони боинсоф. Бале, боинсоф, зеро сидқан бовар дорем, ки ҳамаи шунавандагони мо, мардумони боинсофанд. Ва ҳарчанд ҳар кас инсофро ба таври худ мефаҳмад ва шарҳ медиҳад, боз ҳам як мафҳуми миёна ва ҳамаписанди инсоф вуҷуд дорад.

ИНСОФ ДАР СИЁСАТ ВА ТИҶОРАТ

Калимаи арабии "инсоф", яъне нисф кардан, ду тақсими баробар кардан ва ё нима кардани бе каму зиёд, дар ҳаёти маънавии тоҷикон фаротар аз як амали тиҷоратӣ рафта, асосан ба маънои доду додварӣ, адл ва ростӣ истифода мешавад.
Аммо "нисф кардан" шояд дар он бахши маънии вожа боқӣ мондааст, ки ишора мекунад ба шинохтани ҳаққи баробари тарафи дигар ва риоя кардани он.
Ба ақидаи ҷомеъашиносони тоҷик инсоф кайҳост, ба як категорияи фалсафию ахлоқӣ табдил ёфта, ки инсон дар ҳолатҳои ҳассоси гузиниш рафтори худро бо ин меъёр месанҷад.
Инсоф чист ва дар ҷомеъа чи нақш дошта метавонад. Ин як қонуни маънавист, мазҳабӣ ё дунявӣ ва ё танҳо як асле, ки бояд дар корпояи ҳар қонуне гузошта шавад? Ин мавзӯъро ҳамнафаси мо дар Душанбе, Раҳматкарими Давлат бо чанде аз андешмандон дар миён гузошт.
Инсоф, инсон, табиат ва ҷамъият ҳамеша аз мавзӯъҳои баҳси нависандагон, донишмандон ва рӯҳониён будаанд. Дар бахшҳои баъдӣ хоҳем дид, ки оё мардуми оддӣ дар ин бора чи фикру андеша дорад.

ДАРВЕШИ ДУШАНБЕ

Кулоҳи нӯгтезу саллаи сафед, яктаҳ ва ҷомаи дароз, ришу мӯйҳои дарози сафеди дарвеш ё қаландар як ҷузви манзараҳои Душанбе шудааст.
Сайёҳони хориҷӣ бо ӯ акс мегиранд, нашрияҳои хориҷӣ аксашро дар саҳифаи аввал чоп мекунанд ва ҳатто дар солҳои ҷангу ошӯб ин дарвеш аз манзараҳои Душанбе наафтодааст.
Вале кам касон медонанд, ки ӯ кист, шабҳоро дар куҷо рӯз мекунад ва чаро пешаи дарвеширо баргузидааст.
Ҳамнафаси мо дар Душанбе Абдураҳими Умарзод чанд лаҳза бо ӯ ҳамнафас шуд ва инак, агар мехоҳед садои Дарвеши Душанбе ва саргузашти талхи ӯ ва тамоми ин барномаро бо назари раҳгузарон ва андешаҳои Муҳиддини Кабирӣ, ноиби раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва узви Маҷлиси намояндагони Тоҷикистонро бишнавед, ба рамзи радиоча дар охири сарлавҳаи умумӣ фишор оваред.

Вобаста

XS
SM
MD
LG