Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти 100 кило ҳероин дар як амалиёти вижа


Бино бар маълумоти оҷонсии мубориза бар гардиши ғайриқонунии мухаддирот, зимни амалиёти «Канал - 2005, 129 кило маводи мухаддир мусодира шудааст, ки тақрибан 100 килои он ҳероин будааст. Бобоҷони Шафеъ, масъули оҷонсии мубориза бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир гуфт, дар амалиёти густардаи «Канал - 2005», шаш кишвари Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Беларус, Арманистон ва Тоҷикистон ширкат кардаанд. Бобоҷони Шафеъ гуфт, дар рафти амалиёти мазбур, дар қаламрави Тоҷикистон он қадар маводи мухаддир мусодира шудааст, ки дар қаламрави кулли кишварҳои созмони амнияти дастҷамъӣ мусодира карда нашудааст. Тайи 9 моҳи ахири соли равон, аз ҷониби кормандони оҷонсии мубориза бар гардиши ғайриқонунии мавводи мухаддир, зимни 88 ҳодисаи боздошти гурӯҳҳои қочоқбар 428 кило ҳероин мусодира карда шудааст.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG