Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгарони Тоҷикистон дар Пекин


Дар ин бора Ғайрат Неъматов, дабири кулли федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ хабар дод. Вай гуфт, мусобиқаи донишҷӯёни қора оид ба варзиши сабук тибқи барномаи универсиада аз 6 то 11 ноябр идома хоҳад кард. Дар айни ҳол, ҳарду варзишгари тоҷик дар пойтахти Чин - шаҳри Пекин бо сарварии Шодӣ Сафаров, раиси факултаи омӯзгории Донишкадаи варзиши Тоҷикистон тамрин намуда, ба ин мусобиқа омодагӣ мегиранд.

Сотиболдӣ Ҳаитов барандаи медали биринҷии нахустин бозиҳои варзишии наврасони кишварҳои Ҷомеаи Муштаракулманофеъ ва Балтик дар соли 2005 дар Русия дар давидан ба масофаи 5 километр байни мардон маҳсуб мешавад. Вай ҳамчунин имсол дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дар давидан ба масофаи 10 километр мақоми аввалро касб намуда, соҳиби медали тилло шуд. Сотиболдӣ Ҳаитов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, имсол пас аз хатми мактаби миёнаи шаҳри Турсунзода ба Донишкадаи варзиши Тоҷикистон дохил шудааст. Ӯ дар универсиадаи Пекин дар давидан ба масофаи 5 ва 10 километр рақобат хоҳад намуд.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Галина Шарифова низ донишҷӯи соли аввали Донишкадаи варзиши Тоҷикистон мебошад. Вай имсол дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дар рақобатҳо дар гурзандозӣ байни занон муваффақ ба дарёфти медали тилло шуд. Ӯ дар ин навъи рақобатҳо дар мусобиқоти донишҷӯёни қораи Осиё ҳунарнамоӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG