Пайвандҳои дастрасӣ

Форуми иқтисодии САҲА аз Душанбе шурӯъ мешавад


Нақши нақлиёт дар тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва таҳкими амният ва субот дар минтақа мавзӯъи аслии конфронси дурӯзае дар Душанбе хоҳад буд. Конфронси мазкур дар таърихи ҳафтум ва ҳаштуми ноябр дар пойтахти Тоҷикистон бо ибтикори САҲА баргузор мешавад. Тибқи хабаре, ки ин созмон дар саҳифаи интернетии худ нашр кардааст, ширкатдорони конфронс масоили сиёсати нақлиётӣ дар сатҳҳои маҳалливу миллӣ ва байналмилалӣ, зиён ба муҳити зист ва вазъи кишварҳои дар бунбасти роҳи заминӣ қарор доштаро баррасӣ хоҳанд кард. Конфронси Душанбе нахустин аз силсилаи чорабиниҳои омодагӣ ба форуми 14-умини иқтисодии САҲА мебошад. Барои нахустин бор форуми иқтисодии САҲА дар ду давр, дар охири моҳи январ дар Вена ва моҳи май дар шаҳри Прага баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG