Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Лондон то ба Дарвоз


«Азия -Плюс» дар гузорише баҳси миёни корхонаи алюминиюми тоҷик ва ширкати «Ансол» дар додгоҳи Лондонро инъикос кардааст. Ахиран, додгоҳи Лондон қарори салби ҳисобҳои ширкати «Ансол» ва раиси он, Аваз Назаровро бекор сохт. «ТадАЗ» «Ансол»-ро ба фурӯши ашёи хом бо нархи гарон муттаҳам месозад, «Ансол» дар навбати худ «ТадАЗ» ва «РусАЛ»-ро ба шикасти аҳднома айбдор кардааст. Мурофиаи рақами яки иқтисодии Тоҷикистон дар додгоҳи Лондон дар соли оянда ҳам идома хоҳад дошт.

«Миллат» дар як матлабе суоле ба миён гузоштааст, ки пас аз бозгашти Тошканд ба сафи иттифоқчиёни Русия тақдири нерӯгоҳи Роғун ва корхонаи «ТадАЗ» чӣ хоҳад шуд? Русия бунёд ва таҷдиди ин иншоотро бар дӯш гирифтааст. Узбакистон бо пеш овардани сабаби хатароте ба зистмуҳиташ мухолифи ин тарҳҳост ва ҳамакнун, муаллифи матлаб навиштааст, ки оё имкон дорад, ки Русия дар тасмимоти худ таҷдиди назар намояд? «Миллат» навиштааст, дар сурате, ки мо афзоиши қиммати бензинро пешбинӣ карда наметавонем, то ки ба он омода бишавем, ва ҳол он ки ин ҳодиса ҳар сол рух медиҳаду боиси бӯҳрони энержӣ мешавад, мо аз куҷо хоҳем донист, ки самти геополитика кай ва ба куҷо тағйир меёбаду дар ин ҳол манофеъи Тоҷикистон чӣ гуна бояд ҳимоят шавад?

Дар мавриди бензин, «Азия -Плюс» хабар додааст, Қазоқистон қарори манъи содироти маводи сӯхташро то охири сол тамдид намудааст. Хабар мегӯяд, 40 % -и маводи сӯхти Тоҷикистон аз Қазоқистон ворид мешавад. Хабар ҳокӣ аз он аст, ки бензин дар Тоҷикистон аз кишварҳои дигари ИДМ ба маротиб гаронтар мебошад.

Ва як хабари дигар аз «Вечерний Душанбе», ки мегӯяд, парвози ҳавопаймо аз Душанбе ба ноҳияи Дарвоз аз сари нав гирифта шудааст. Пас аз 13 сол фурӯдгоҳи ноҳияи Дарвоз боз ба фаъолият оғоз намуда ва акнун, дар як ҳафта се бор аз Душанбе ба Дарвоз ҳавопаймо парвоз хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG