Пайвандҳои дастрасӣ

Маркази ҷадид дар пойгоҳи низомии Лоҳур


Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо як маркази ҷадиди омӯзишӣ барои мутахассисони маҳви силоҳи оташфишонро дар Тоҷикистон бунёд кард. Эуҷиния Бенини, мушовири сиёсии дафтари САҲА дар Душанбе дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ин марказ дар пойгоҳи низомии Лоҳур, 30-километрии пойтахти Тоҷикистон бунёд гардида, он бо фанноварии муосири ҳарбӣ муҷаҳҳазонида шудааст. Хонум Эуҷиния гуфт, ҷиҳати татбиқи барномаи маҳви муҳиммоти ҷангӣ аз сӯйи дафтари САҲА дар Душанбе дар бунёди ин марказ 47 ҳазор доллари амрикоӣ масраф шудааст:
Эуҷиния Бенини:
«Ин барнома дар маҷмӯъ чор лоиҳа оид ба танзим ва маҳви силоҳи оташфишон ва муҳиммоти дигари ҷангиро бо назардошти таҷрибаи беҳтарини Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо фаро мегирад ва татбиқи ин барнома дар соли 2006 идома хоҳад кард. Ин барнома барои тақвият додани субот дар Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад. Зимнан 21 тонна муҳиммоти ҷангӣ ва 26 ҳазор адад аслиҳаи оташфишон, ки аз аҳолӣ кашфу мусодира гардидааст, маҳв карда мешавад. Баргузории чунин амалиёт барои нигаҳдории амнияти одамон ногузир аст.»Хонум Эуҷиния инчунин гуфт, рӯзи ҷумъаи 4-уми ноябр расми ифтитоҳи Маркази омӯзиши мутахассисони маҳви силоҳи оташфишон дар Лоҳур дар назар аст ва ба аввалин гурӯҳи хатмкунандаи омӯзиши маҳви силоҳ ва муҳиммоти ҷангӣ гувоҳномаҳо супурда мешавад. Дар ин маросим вузарои дифоъ, адлия, умури дохила ва намояндагони дипломосии мамолики хориҷӣ иштирок хоҳанд дошт.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG