Пайвандҳои дастрасӣ

Журналистон соҳиби почтаи электронӣ шуданд


Барои нахустин бор журналистон аз навоҳии зертобеьи маркази Тоҷикистон соҳиби почтаи электронӣ шуданд. Боз намудани почтаи электронӣ барои ин журналистон дар як давраи серӯзаи омӯзишӣ имконпазир гардид. Истифода аз интернет ва шиносоӣ бо меъёрҳои навиштани матлаб аз мавзӯъхои дигари матраҳ дар ин давраи омӯзишӣ будааст. Махфират Раҳимӣ, масъули маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ки ин созмон мубтакири баргузории ин давраи омӯзишӣ мебошад, гуфт, САҲА як силсила давраҳои омӯзиширо бо ҳадафи такмили дониши журналистони расонаҳои хабарии минтақавӣ доир менамояд. Ӯ мегӯяд, журналистони минтақавӣ ба ин давраҳои омӯзишӣ ниёзи бештар доштаанд. Дар манотиқ дастрасӣ ба шабакаи саросарии интернет маҳдудтар будааст. Бардошти журналистон аз ин давраҳои омӯзишӣ хуб арзёбй шудааст ва созмони мубтакири он, САҲА, мегӯяд, тасмим дорад, дар оянда низ чунин давраҳоро ба роҳ бимонад.
Ҳумоюни Шаҳриёр, Душанбе
XS
SM
MD
LG