Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

UNDP ва Тоҷикистон


Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид, (UNDP) барои рушди кишоварзӣ, соҳибкории хурду миёна ба сокинони беш аз 10 ноҳияи кӯҳистони Тоҷикистон, ҳудуди 3 миллион доллари амрикоӣ қарзҳои боимтиёз додааст. Игор Боск, муовини раҳбари дафтари UNDP дар Тоҷикистон, гуфт, кӯмакҳои мазкур ҷиҳати коҳиш додани фақр дар миёни аҳолии камбизоати деҳоти ин кишвар, пешбинӣ шудааст:

"Камбизоатӣ аслан дар миёни мардуми деҳот бештар ба чашм мерасад. Мардуми деҳот аз набудани об, барқ ва дигар васоити муҳими зандагӣ, ранҷ мебаранд. Аз ҳамин сабаб ҳам кӯмакҳои минбаъдаи барномаи мо барои боло бурдани сатҳи зиндагии мардуми деҳот пешбинӣ шудааст."

Ҷаноби Боск афзуд, Барномаи Рушди СММ нақшаи кори ин идора дар Тоҷикистонро барои соли оянда баррасӣ кардааст. Вай гуфт, тибқи нақша қарор аст, UNDP дар соли 2006, ба соҳаҳои кишоварзӣ, беҳдоштӣ ва маориф кӯмакҳои молӣ расонад.

Бобохон Исмоилов, масъули дигари Барномаи Рушди СММ мегӯяд, яке аз вазифаҳои муҳими кормандони барномаи мазбур дар ҳамкорӣ бо ҳукумат, таҳияи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон мебошад.

Ҷаноби Исмоилов афзуд: "Бояд мо то моҳи апрели соли 2006 дар ҳамкорӣ бо ҳукумати Тоҷикистон стратегияи миллиро таҳия кунем,то муайян карда тавонем, ки кадом самтҳои ҷомеаи кишвар ба кумак бештар ниёз дорад."

Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид, соли 1993 дар Тоҷикистон, ба фаъолият шурӯъ кардааст. Созмони Милал барои фаъолияти ин идора дар Тоҷикистон, дар соли 2005 беш аз 13 миллион доллар ҷудо кардааст, ки то имрӯз ҳудуди 10 миллион доллари он масраф шудааст.
XS
SM
MD
LG