Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми мусобиқоти лигаи аввал


Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи аввал ба анҷом расид. Дар охирин бозии ин мусобиқот дастаи «Динамо»-и Душанбе дар майдони худ бар тими «Ҳулбук»-и Восеъ бо натиҷаи 5 бар 0 ғалаба кард. Се голро Нуралӣ Бобоев ва ду голро Сафар Қурбонов ба ҳадаф расонданд. Вале натиҷаи ин дидор ба мевқеъи «Динамо» дар ҷадвали мусобиқот тағйирот ворид накард.

Ҳарчанд шумораи имтиёзи ба даст овардаи «Динамо» бо «Фархор» баробар 26-тоӣ, шумораи ғалабааш низ баробар ҳаштоӣ шуд ва таносуби тӯбҳояш нисбати ҳарифи аслиаш беҳтар аст, дар ҷадвал пас аз фархориҳо дар зинаи чаҳорум қарор гирифт. Зеро тибқи низомномаи мусобиқот дар мавриди натоиҷи мушобеҳ ба даст овардани дастаҳо мавқеашон дар ҷадвал аз рӯи натоиҷи ду бозии байни онҳо муайян мешавад. Бинобар ин «Фархор», ки дар ҳарду бозии худ бар «Динамо» ғалаба кардааст, дар мақоми севвум қарор гирифт ва барандаи медали биринҷии мусобиқот шуд. Ин даста, ҳамчунин соҳиби роҳхат ба лигаи олӣ гардид.

Ёдовар мешавам, дастаи «Ориёно»-и Душанбе, ки бо 34 имтиёз мақоми аввалро ишғол намуд ва тими «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа, ки бо 30 имтиёз дар зинаи дуввум ҷойгир шуд, ҳамчунин барои ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии футболи лигаи олии Тоҷикистон дар соли 2006 роҳхат гирифтаанд.

Фозил Сатторов, ҳамлагари «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа, ки ба дарвозаи ҳарифонаш 18 гол задааст, беҳтарин нишонзани мусобиқоти лигаи аввал эътироф шуд. Самад Шоҳзуҳуров, аз дастаи «Ориёно» бо 13 голи задааш мақоми дуввумро соҳиб гашт. Нуралӣ Бобоев, аз дастаи «Динамо», ки 12 гол задааст, мақоми севвумро касб намуд.

Ҷадвали ҷамъбастии мусобиқот
Тӯбҳо Хол
1. «Ориёно» 43-14 34
2. «Тоҷиктелеком» 37-23 30
3. «Фархор» 33-24 26
4. «Динамо» 30-17 26
5. «Ваҳдат» 26-23 19
6. «Гвардия» 26-35 10
7. «Меҳнат» 21- 43 10
8. «Ҳулбук» 17-49 7
XS
SM
MD
LG