Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Осон шудани мусофират ба Русия


Игор Сатторов - сухангӯи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон гуфт, дар пайи тасвиби як санад аз сӯи ҳукумати Русия дар муқаррароти равуои атбои ин ду кишвар тағйирот ворид шуда ва аз рӯзи якуми ноябр рухсати сафар ва иқомат дар ҳудуди ин кишварҳо бо шиносномаи дохилӣ дода шудааст.

Вай афзуд, дар заминаи тавофуқоти ҳосилшуда ҳамакнун шаҳрвандони ҳарду кишвар имконият пайдо карданд, ки дар баробари панҷ санади таъйинкунандаи шахсият - гузарномаҳои дипломатӣ, хидматӣ, умумишаҳрвандӣ ва гузарномаи баҳрнавард ва санад дар бораи бозгашт ҳамчунин бо шиносномаи дохилӣ ва шаҳодатнома дар бораи таваллуд низ ба қаламрави ҳамдигар мусофират кунанд:

«Аз ҳамин рӯз сар карда шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақ доранд, бо шиносномаи дохилӣ ва наврасони то 16-сола бо шаҳодатнома дар бораи таваллуд ба Русия бираванд ва ҳамчунин атбои Русия низ метавонад бо шиносномаи кишвари худ ба Тоҷикистон оянд ва иқомат ихтиёр кунанд.»

Ин ҳам дар ҳолест, ки то кунун дар фурудгоҳҳои кишвар ба муроҷиати сокинон ҷиҳати дарёфти чипта бо шиносномаи дохилӣ посухи рад дода мешавад. Давлат Бобоев - раиси фурудгоҳи Душанбе дар нишасти матбуотии як рӯзи қабли масъулини ширкати ҳавоии Тоҷикистон гуфт, ҳоло аз сӯи вазорати умури хориҷа кадом санаде дар ин робита нарасидааст.

Дар ҳамин ҳол Игор Сатторов - сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон гуфт, қарори мазкур танҳо дар ҳудуди Русия ва Тоҷикистон татбиқ хоҳад шуд ва барои бақия кишварҳои узви Ҷомиаи Иттиҳоди Авруосиё амал нахоҳад кард. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ татбиқи муқаррароти нави равуо бо шиносномаи дохилӣ тавассути роҳи оҳан впа нақлиӣти заминӣ ғайриимкон аст. Зеро ба ҳангоми убури тронзитӣ аз қаламрави кишварҳои Ӯзбакистон, Туркманистон ва Қазоқистон шиносномаи хориҷӣ талаб карда мешавад.

Сухангӯи вазорат аз замони анҷоми мӯҳлати истифодаи шиносномаи дохилӣ барои мусофират изҳори беиттиллоӣ кард, вале гуфт, ин муқаррарот шояд то замоне,ки ҳамаи шаҳрвандони Русия ва Тоҷикистон бо шиносномаи хориҷӣ таъмин нашаванд, идома ёбад.
XS
SM
MD
LG