Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти 45 кило маводи мухаддир дар марз


Дар натиҷаи як амалиёт дар минтақаи Фархори марзи Тоҷикистон бо Афғонистон аз як гурӯҳи қочоқбар 45 кило маводи мухаддир, аз ҷумла 40 кило ҳероин мусодира шудааст. Амалиёти мазбур аз ҷониби кормандони оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сурат гирифта ва дар натиҷаи он, як шаҳрванди афғон боздошт шудааст. Шаҳобиддин Бобоев, корманди маркази матбуоти оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир гуфт, миёни гурӯҳи фаврии оҷонсӣ ва қочоқбарон тирпарронӣ сурат гирифта ва ин амалиёт аз мушкилтарин амалиёти чанд муддати ахир унвон шудааст.Ҷаноби Бобоев гуфт, аз рӯи қазияи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Бино бар ҳарфи ӯ, дар даҳ моҳи соли ҳолӣ аз ҷониби оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир 732 кило маводи мухаддир, аз ҷумла, 428 кило ҳероин кашф ва мусодира шудааст.
XS
SM
MD
LG