Пайвандҳои дастрасӣ

М.Аҳмадинажод мегӯяд, Эрон барномаҳои ҳастаияшро дигар мутаваққиф нахоҳад сохт


Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод, ки имрӯз дар як иҷлоси созмони шибҳанизомии Басиҷ сухан меронд, гуфт, сӯҳбатҳои ӯ дар бораи пок кардани Исроил аз харитаи ҷаҳон кадом чизи нав набуда, балки танҳо бозтоби он сиёсатест, ки Эрон тайи 17 соли охир дар қиболи Исроил пеш гирифтааст. Оқои Аҳмадинажод даъваташ ба тахриби Исроилро ин бор такрор накард, вале гуфт, эътирофи давлати яҳудӣ барои кишварҳои исломӣ як ҷинояти нобахшиданӣ хоҳад буд.

Аммо дар мулоқоте, ки низ имрӯз бо донишҷӯёни эронӣ дошт, Маҳмуди Аҳмадинажод гуфта, ки Эрон фаъолиятҳои баҳсбарангези ҳастаияшро комилан қатъ нахоҳад кард. Ӯ гуфт, давлати пешини Эрон дар моҳи ноябри соли гузашта ҳамчун аломати ҳусни эътимоди ҷонибҳои музокирот довталабона чунин корро кард, вале ба идроки давлати феълӣ, -афзуд оқои Аҳмадинажод, - он иқдом хато будааст. Раисиҷумҳури Эрон боз ҳам даъвоҳои кишварҳои Ғарбро, ки мегӯянд, Эрон дар пайи сохтани силоҳи ҳастаист, радд кард.
Мирзои Салимпур, Прага
XS
SM
MD
LG