Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Ҳизби Наҳзати Ислом аз ду тасмими мақомоти Душанбе


Шӯрои сиёсии Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон бо пахши як баёния гуфтааст, вазорати маорифи ин кишвар иқдомоти хилофи қавонини Тоҷикистонро матраҳ мекунад. Дар баёния омадааст, ки вазорати маориф бо ҳиҷоб озими мактабу донишгоҳҳо шудан ва ба масҷид омадани наврасонро мамнӯъ эълом кардааст, ки ин тасмимоти вазорат ҳамчун маҳдудсозии ҳуқуқи шаҳарвандон ба озодии эътиқод арзёбӣ мешавад. Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, раиси дастгоҳи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон баёнияи Шӯрои сиёсии ин ҳизбро барои радиои Озодӣ қироат намуд: "Шӯрои Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон чунин мавқеъгирии раҳбарияти вазорати маорифро нодида гирифтани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва қонунгузории кишвар дониста, кӯшише баҳри таҳмилсозии ақида ва ҷаҳонбинии як гурӯҳ аз болои қишрҳои дигари ҷомеа медонад. Дар сурате ки ҳазорҳо кӯдакону наврасон ба ҷойи таҳсил дар мактаб, ба корҳои вазнини ҷисмонӣ, мисли пахтачинӣ, аробакашӣ ва мошиншӯӣ машғул мебошанду қисми дигар вақти бештари худро дар дискоклубҳо ва майхонаҳо сипарӣ менамоянд. Ба назар мерасад, ки вазорати маориф камбудии худро ба дӯши дигарон ҳавола кардан мехоҳад, ки ин нишонаи бесалоҳиятии масъулини вазорат мебошад."

Вазорати маорифи Тоҷикистон ахиран қарор кардааст, ки бо сатр вориди муассисаҳои таълимӣ шудан барои муҳассилин қатъиян манъ аст, зеро пӯшидани ҳиҷоб як рукни тарғиботи идеоложии динӣ ва хилофи қонуни маориф мебошад. Ҳамзамон Кумитаи дини Тоҷикистон низ гуфтааст, наврасони синни то 16-сола минбаъд наметавонанд дар масҷидҳои ҷомеь намоз гузоранд, зеро бар асоси қавонини кишвар, муҳассилин дар соатҳои таълимӣ ҳаққи ба дигар корҳо машғул буданро надоранд.

Ва аммо Шӯрои Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон дар баёнияи худ гуфтааст, ин тасмимоти мақомоти кишвар танҳо аз сӯйи нафарони алоҳида сурат гирифта, ифодагари сиёсати давлатӣ нест: "Мутаассифона, тасмимҳои давлатиро баъзан касоне мегиранд, ки дар роҳи ба даст овардани сулҳу ваҳдат саҳме нагузоштанд ва ин мафҳуму арзишҳо барояшон ҳеҷ қимате надорад. Шӯрои Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон диққати раҳбарияти кишварро ба ин гуна мавқеъгириҳо, ки метавонанд вокунишҳои манфиро ба вуқуд биёранд, ҷалб намуда, мутмаин аст, ки онҳо нигоҳи шахсӣ ё гурӯҳии доираҳои муайян мебошад, на сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон."

Масъулини Ҳизби Наҳзати исломӣ мегӯянд, маъмулан дар моҳи Рамазон шумораи ширкаткунандагони маросимҳои динӣ меафзояд ва ин набояд мақомоти кишварро ба ташвиш оварад.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG