Пайвандҳои дастрасӣ

Барномаҳои ширкати олмонии KN IBRAKOM дар Тоҷикистон


Бино ба иттилоъи палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, барои нахустин бор KN IBRAKOM, як ширкати бонуфузи олмонӣ оид ба ҳамлу нақл, дар Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ кардааст. Одил Сангов, муовини раиси палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, дар робита ба ин мавзӯъ гуфт, ин терминал зимни як созишномаи ҳамкорие, ки ахиран миёни СММ ва кишвари Олмон ба имзо расид, ҳамкориашро бо Тоҷикистон оғоз кардааст.

Оқои Сангов гуфт: "Тоҷикистон нахустин кишвар дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад, ки бо ин ширкати ҷаҳонӣ оид ба ҳамлу нақл ҳамкорӣ мекунад. Терминали мазкур пахта,а люминиум ва ҳамчунин об, меваю савзавот ва дигар маҳсулотро аз Тоҷикистон ба хориҷи дур мебарад ва аз хориҷи кишвар бошад, ба Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва васоили техникиву низомӣ ворид мекунад."

Ашраф Наҷиб, раиси КN IBRAKOM мегӯяд, бо кушода шудани роҳи автомобилии Қулма - Қароқурум, Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои муҳими тронзитӣ дар Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст: "Бо пуштибонии моли СММ ва ҳукумати Олмон, дар соли равон, дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон мо як терминал бузург сохта ба истифода хоҳем дод ва ман фикр мекунам, дигар ҳеҷ як мушкил дар роҳоҳи ҳамлу нақли бор барои мо наметавонад монеъа эҷод кунад. Бояд бигӯям,ки алъон муштариёни пахта ва алюминиуми Тоҷикистон дар кишварҳои Ҳврупо,аз қабили Олмон ва Авсрия, хеле зиёд мебошанд".

Бино ба гуфтаи Ашраф Наҷиб, раиси ширкати байналмиллии KN IBRAKOM, феълан терминалҳои ширкати мазбур ҳудуди 5 ҳазор тонна борро, иборат аз маводи хӯрока,аз қабили гандум, шакар, равған ва қисмҳои компютер ва васоили дигари техникиро ба Тоҷикистон ворид кардааст ва қарор аст, дар рӯзҳои наздик беш аз 5 000 тонна пахта ва алюминиумро аз Тоҷикистон ба Аврупо интиқол диҳад. Ширкати олмонии KN IBRAKOM ҳанӯз соли 1940 ба фаъолият оғоз кардааст.
Сафаргули Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG