Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нақши Тоҷикистон дар ҳалли мушкили сахти Бадахшони Афғонистон


Кобул Тайи ду соли гузашта даҳҳо нафар сокини вилояти Бадахшони Афғонистон бар асари сармову беҳосилӣ ва бемориҳои гуногун фавтидаанд ва коршиносони маҳаллӣ нақши Тоҷикистонро дар ҳалли мушкилот ва дар зимистони оянда ба вуқӯъ напайвастани як фоҷиаи бузурги инсонӣ дар ин вилояти дурдасти Афғонистон бориз меҳисобанд.

Барфи аввал соли дуввум аст, ки ҳосили зироати мардуми вулусволиҳои Шуғнон, Зебок, Кӯҳистон, Роғистон ва Дарвози вилояти Бадахшони Афғонистонро барбод медиҳад. Имсол 1 нафар бар асари сармо ва 5 узви як оила бинобар хароб шудани манзилашон аз вазни барф дар вулусволии Шуғнон фавтидаанд.

Хонум Наҷиба, яке аз рустонишинони Бадахшон мегӯяд, маҳрумиятҳо аз ҳосилоти дусола мардуми вулусволиҳои дурдасти Бадахшонро қашшоқу бенаво карда, гуруснагиҳои саросарӣ ва мудаввом гиребонгири аҳолии ин вулусволиҳо гаштааст: "Бисёр нафари мо талаф шуд. Давлат барои мо ваъда карда буд, ки ба шумо мавод мерасонам, ҳеҷ мавод ба мо нарасонд. Ва имсолам пеш аз он ки сардӣ биёяд, бояд давлат ғами мардуми моро бихӯрад."

Хонум Наҷиба афзуд, мардум аз ғизо, сӯзишворӣ, доруворӣ ва адами марказҳои сиҳати омма танқисӣ мекашанд. Ӯ гуфт, бинои беморхона ҳаст, вале духтур нест.

Тибқи иттилои манобеи ғайрирасмӣ, мардуми вилояти Бадахшон барои рафъи гуруснагӣ бештар аз тарёк истифода бурда, ба орд гарди регро низ изофа мекунанд, то хоҳиши хӯрдан бар онҳо чира нашавад. Ба кӯдакон низ тарёк медиҳанд, то онҳо ором хоб карда, барои нон гиря накунанд. Аммо фақр, адами ғизо, оби нӯшиданӣ ва бемористонҳо боиси афзоиши бемории сил дар ин минтақаҳои дурдаст гашта, солиёни дароз аз ин беморӣ садҳо нафар мефавтанд.

Муншӣ Абдулмаҷид, волии Бадахшон мегӯяд, моҳи гузашта 15 тифл ва як хонуми 58-сола дар рустои Сангличи вулусволии Зебок бар асари хӯрдани рустаниҳои заҳролуди кӯҳӣ фавтидаанд. Вай афзуд, дар ҳоли мавҷуд будани духтурон имкон дошт марги кӯдакон пешгирӣ шавад. Волии Бадахшон аз фаъолияти Барномаи ҷахонии ғизои Созмони Милали Муттаҳид, (WFP) интиқод карда гуфт, ки агарчӣ ӯ ин созмонро аз вазъияти бади минтақа огоҳ кардааст, аммо аз ҷониби созмон иқдоми муассире барои кӯмак ба мардум сурат нагирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, Ибодуллоҳи Ибод, сӯхангуи идораи Барномаи ҷаҳонии ғизо дар Афғонистон гуфт, созмони онҳо то фарорасии зимистон беш аз 20 хазор тонна маводи ғизоӣ, иборат аз гандум, орд, нахӯд, равған, лӯбиё ва намаки йодшударо барои манотиқи ниёзманди Афғонистон ихтисос додааст. Ба таъйиди ӯ, 5 ҳазору 600 тоннаи ин кӯмак барои вилояти Бадахшон ҷудо шудааст. Вай афзуд, бинобар адами амният ва харобии роҳҳо Барномаи ҷаҳонии ғизо натавонистааст, оҷил ба мушкилоти минтақаҳои дурдаст ва осебпазири Бадахшон расидагӣ кунад.

Оқои Ибод нақши боризи Точикистонро дар ҳалли мушкили мардуми вилояти Бадахшони Афгонистон таъкид карда, гуфт, барои ба вуҷуд наомадани як фоҷиаи инсонӣ дар Бадахшон ва таъмини саривақтии як қисмати умдаи вилоят бо маводи ғизоӣ Барномаи ҷаҳонии ғизо ба мусоидати ҳукумати Тоҷикистон ниёз дорад. Ба таъйиди окқи Ибод, то ба ҳол 1300 тонна маводи ғизоӣ тавассути Тоҷикистон ба вулусволии Дарвози вилояти Бадахшон интиқол ёфтааст.

Тибқи иттилои вазорати инкишофи деҳоти Афғонистон, барои пешгирии офатҳои табиӣ ҳукумати Афғонистон 25 миллион доллари амрикоиро ихтисос додааст. Ин маблағ барои тармими роҳҳо, рафъи оқибатҳои офати табиӣ ва ёрии оҷили тиббӣ сарф хоҳад шуд. Аммо дар мавриди кӯмаки вижаи ҳукумати Афғонистон ба вилояти Бадахшон арқоми дақиқ вуҷуд надорад.
XS
SM
MD
LG